ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ - арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд. Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад. Аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. “Таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе - Чаноқ ва Айнӣ - Панҷакентро дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд. “Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем”, - изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид. Таҳиягарони барнома бо пешниҳоди суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилнишин тавонистанд тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, ба як кишвари воҳид мубаддал кардани Тоҷикистон ва пешниҳодҳои чаҳонии Роҳбари давлат оид ба ҳалли масоили мубрами сайёраро бо тарҳу намои зебо пешкаши меҳмонон намоянд. Ҳунармандон бо истифода аз эҷодиёти шоирони шинохта ва оҳангсозони маъруф дар васфи Ватан, Истиқлолу Ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо иҷро карда, ба фазои идона шукуҳу азамат зам намуданд.161
24.09.2026
-
Суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатӣ Ҳамватанони азиз! Сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғд! Чанд рӯз пештар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд муқаддастарин ҷашни миллӣ – сиюпанҷумин солгарди истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намуданд. Ба ифтихори ин ҷашни бузург кулли сокинони вилояти Суғд ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям. Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ лар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд. Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст. Сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки тайи даҳсолаҳои гузашта рафтуомад ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои он тавассути роҳу ағбаҳои душворгузар бисёр мушкил ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ғайриимкон буд. Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт – бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент имрӯз робитаи шабонарӯзӣ ва бехатари сокинони вилоят бо тамоми гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ таъмин гардидааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашни истиқлоли миллиамон дар қатори ободониву бунёдкориҳои зиёди бахши давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии вилоят ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ – муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидаанд. Ҳамватанони гиромӣ! Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд. Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем. Бори дигар кулли мардуми сарбаланду фарҳангдӯсти вилояти Суғд ва ҳамаи ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сию панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям! Ба хонадони ҳар як сокини вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям. Бигзор, парафшонии парчами истиқлол бар фарози кишвари азизамон ҷовидон бошад! Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон муборак бод! Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!149
24.09.2026
-
Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.160
21.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
02.09.2026
Приглашение к участию в запросе на котировки.
«Закупка 1с бухгалтерия», для Группа Реализация Проекта при Министерство образовании и наук Республики Таджикистан Бештар -
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор