Дар Душанбе маросими тантанавии қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими тантанавӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷоизаҳо супорида мешаванд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Раънои Нусратулло аз макони баргузории ин чорабинӣ. Ёдовар мешавем, ки 26 октябр дар муассисаҳои ...
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷаласаи ҳайати Комиссияи озмун масъалаи ба таври шаффоф гузаронидани он баррасӣ шуд 28 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Зимни он раиси комиссия аз ҳайати доварон даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо ...
БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №25-И НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 28 октябри соли равон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси ноҳияи Деваштич Ашӯралӣ Ҷалилзода ба истифода дода шуд. Зимни баистифодадиҳӣ иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ...
МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: Ҳуҷҷатсупорӣ барои бурсияҳои таҳсил дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оғоз гардид ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаҳои маориф, менеҷмент ва идоракунӣ, иқтисодиёт, IT-технологияҳо, аграрӣ, техникӣ ва муҳандисӣ, табиӣ ...
ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” 26 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Матлубахон Сатториён - раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири кишвар, Раҳим Саидзода - вазири маориф ва илм, аъзоёни комиссия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ...