Ахбор

  • Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон

    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва таҳсили хонандагон дар доираи сиёсати маорифпарваронаи ...

    29-07-2021
  • Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ

    Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зерободи деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 дар ноҳияи Айнӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ...

    28-07-2021
  • Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои Мактаб-интернати нав дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ

    Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ифтитоҳи бинои Мактаб-интернати нав дар деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ
    28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии ...

    28-07-2021
  • МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ БИОЛОГИЯ (IBO-2021)

    МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ БИОЛОГИЯ (IBO-2021)
    19 - 24 июли соли равон дар шаҳри Лисабони давлати Португалия Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO-2021) ба таври онлайн баргузор гардид.  Дар олимпиадаи мазкур дар байни 304 иштирокчӣ аз 76 давлати дунё дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 4 нафар низ иштирок намуда, Шамс Давлятбеков-хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат ...

    26-07-2021
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

    ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
    24-уми июли соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Хушбахт Шарифзода-сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ ...

    26-07-2021