ЖУРНАЛИСТИКА БОЯД СОЗАНДА БОШАД, НА СӮЗАНДА!

29-03-2022
Ҳамкориҳои соҳаи маориф бо васоити ахбори омма яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, он барои боз ҳам тақвият бахшидани раванди дигаргунсозиҳо ва пешрафт хизмати арзанда карда метавонад.
Дар ҳамин замина, шуъбаи маориф ноҳияи Кӯшониён барои вусъати ҳамкориҳо бо ВАО аз ҳама имкониятҳо самарабахш истифода бурда, пайваста бо гузоришу мақолаҳо, мизҳои мудаввар ва андешарониҳо оиди мавзуҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа тавассути ахбори омма баромадҳо мекунанд ва оиди ҳалли мушкилот масъалагузориҳо менамояд.
Мутаассифона, дар баъзе маврид намояндагони васоити ахбори омма аз доираи ваколатҳои хидматӣ берун рафта, ҳамчунин, одоби журналистӣ ва талаботҳои ин касби пуршарафро риоя намекунанд, ки ин амал боиси костагии нуфузи ВАО гашта, ба ҳамкориҳои судманд монеагузорӣ мекунад. 
Барои мисол, дар санаи 9 марти соли ҷорӣ дар ҳафтаномаи “СССР” зери сарлавҳаи “Кӯшониён. Ба дарс наомадӣ 20 сомонӣ ҷарима” маводе аз номи Гулнора Сайдалиева ном шаҳрванд (тел 002444884) ба табъ расонида шудааст, ки асоси воқеӣ надорад.
Аз номи ин нафар ҳафтанома маводи ҳангомабарангез, пастзандаи нуфузи омӯзгору муассисаи таълимӣ, носанҷида ва нагирифтани андешаи тарафи дигар, яъне муассисаи таълимии №26-и ноҳия, ё шуъбаи маорифи ноҳия, ба табъ расонидааст, ки ба андешаи мо хилофи талаботҳои меъёрҳои журналистика мебошад.
Бояд гуфт, ки ин нафар бо ин ному бо ин шумораи телефон аз асли воқеа умуман хабар надошта, ҳарчанд дар ҳудуди ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ зиндагӣ мекунад, аммо фарзандонаш умуман дар ин муассиса таҳсил намекунанд. Сайдадиева Гулнора, ки корманди Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мебошад, дар суҳбат таъкид дошт, ки дар ин бора умуман маълумот надорад. Аз куҷо намояндаи ҳафтаномаи “СССР” ин маълумоти бардурӯғ ва пастзанандаи мақому шаъни омӯзгору муассисаи таълимиро гирифтааст, ба виҷдону дараҷаи касбияташ ҳавола мекунем, аммо сароҳатан иброз медорем, ки аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимии №26 ва масъулини шуъбаи маориф чунин дастур ва ё супориш нашудааст.
Дар ҳамин росто, тибқи талаботи қонунгузории ҷории соҳаи матбуоти кишвар аз аҳли роҳбарияти ҳафтаномаи бонуфузи “СССР”, махсусан устод Сайёфи Мизроб талаб мекунем, ки дар саҳифаи ҳафтаномаи худ, ба маводи беасосу иғвоарангези корманди худ Баҳодур Уроқов радия ё вокуниши ҷониби дигар, яъне муассисаи таълимии №26 ва шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониёнро ба табъ расонад.
Мо бовар дорем, ки дар кишвар рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва дорои касбияту ахлоқи баланд кам нестанд ва албатта, ки меҳнати ҳамарӯзаи  аҳли маорифи ноҳияи Кӯшониён дар ВАО ба таври бояд бозтоб ёфта истодааст ва боз ҳам ҳамкориҳоямон вусъати дараҷаи болотарро касб хоҳад кард.

А. Файзализода - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, 
И. Қараев - директори МТМУ№26-и ноҳия Кӯшониён.