Вокуниш ба мақолаи “Вақте вазири маориф ғами соҳаро намехурад” (“Пайк”, аз 10. 02.2022, № 6)

18-02-2022
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи танқидии “Вақте вазири маориф ғами соҳаро намехурад”, ки дар ҳафтаномаи “Пайк” аз 10.02.2022, № 6 нашр гардидааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро соҳаи калидӣ эълон дошта,  барои расидан ба  дастовардҳои нав ба нав  дар ин ҷода,  кумаку дастгириҳои зиёдеро равон сохтаанд, ки ҳар рӯз метавон дастовардеро соҳиб шуд ва ба муваффақияте дастёб гардид. Дар ин радиф, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамояд, ки баҳри пешрафти соҳа кушиш намояд ва барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта чораҳои заруриро андешад. 
Вабаста ба мақолаи танқидии рӯзноманигори ҳафтаномаи “Пайк” иттилоъ медиҳем, ки матлаб ба таври умум масъалагузорӣ шуда, арқому далели возеҳ вуҷуд надорад. Ҳарчанд рӯзноманигор мушкилоти ҷойдоштаро зикр кардааст, вале бо мисол нагуфтааст, ки дар куҷо фаррош ба хонандагон дарси “соати тарбиявӣ” гузаштааст ва ё дар кадом муассисаи таълимӣ аз толибилмон маблағи моҳона ҷамъ менамоянд. Бояд қайд намуд, ки соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи вазири маориф ва илм аст ва ҳеҷ гоҳ вазир дар мушкилотҳои вуҷуддошта бетаваҷҷуҳӣ накардааст. 
Ёдовар мешавем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар 128827 нафар омӯзгори ихтисосманд ба таълиму тарбия машғул мебошанд. Тибқи дархости сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барои соли таҳсили 2021-2022 ба ҳолати 1 августи соли 2021 ба 2166 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд, ки дар иртибот ба ин, ба муассисаҳои таҳсилоти умумии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4345 нафар мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм фиристода шуд, ки аз эҳтиёҷоти мазкур 2179  (50%) зиёд мебошанд. Вобаста ба масъалаи мазкур  бо роҳхати Вазорати маориф ва илм,  ки ба ҳолати 27 январи соли 2022  2555 (58,2 %) нафар мутахассисони ҷавон (равияи омӯзгорӣ) ба муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҷойи кор ҳозир гардиданд.
Илова бар ин, ҷиҳати бартарафсозии норасои омӯзгорони фаннӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби хатмкардагон ва донишҷӯёни гурӯҳҳои ғоибхон ва шартномавӣ, инчунин, омӯзгорони собиқадор 11330 нафар ба кор қабул гардиданд.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар 3220 нафар омӯзгори ғайриихтисос фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар гурӯҳҳои фосилавӣ таҳсил менамоянд ва омӯзгорони ғайриихтисосе, ки зиёда аз 20 сол собиқаи корӣ доранд, аз рӯйи фанни таълимие, ки айни замон ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ дарс медиҳанд, ҷиҳати беҳтар шудани сифати таҳсилот давра ба давра ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта мешаванд. Таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ихтисосманд зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм қарор дошта, ҷиҳати баратараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешавад. 
Гузашта аз ин, масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз мавзуъҳои муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ эътироф гардидааст. 
Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати «...тайёр кардани мутахассисон ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланди илмӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад». 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омодакунии кадрҳои илмии дорои дараҷа ва унвони илмӣ ва рақобатпазир дар бозори меҳнат гузоштанд, корҳои муайянеро ба иҷро расонид. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зинаи магистратура ва докторантура амал менамояд, ки дар омодасозии кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ саҳми босазо доранд. 
Барои сазовор шудан ба дараҷа ва унвони илмӣ бакалаврро зарур аст, ки зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисосро хатм карда, рисолаи номзадии худро ҳимоя намояд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шахсе ҳуқуқи омӯзгор шуданро дорад, ки зинаи магистратураро хатм намуда, соҳиби дипломи магистр гардида бошад.
Ҷиҳати ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардидани магистрон иттилоъ медиҳем, ки Вазорати маориф ва илми кишвар пешниҳодҳои худро ба Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар барои ворид намутани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ирсол намудааст ва айни замон дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. 
Мавриди зикр аст, ки магистрантоне, ки соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буданд, соли таҳсили ҷорӣ барои идома додани таҳсил шуруъ мекунанд. Пас аз ин вазорат метавонад доир ба раванди таҳсили магистрантон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ таҳлил гузаронад ва вазъи минбаъдаи онро муайян созад.
Бо мақсади амалӣ гардониданидани талаботи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва татбиқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри  соли 2007 №505 «Оид ба тасдиқи Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз 1 январи соли 2008 сар карда давра ба давра дар тамоми  қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағғузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (ба ғайр аз мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо) ба низоми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шуданд.
Ҳадафи асосии ислоҳоти мазкур таъмин намудани тақсимоти боадолатона ва шаффофи маблағҳои буҷети давлатӣ дар байни муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодабарии онҳо мебошад.
Афзалияти маблағгузории сарикасӣ дар он аст, ки ин низом ба муассисаҳои соҳаи маориф барои тақсимоти маблағҳои буҷетии тибқи формулаи сарикасӣ ҷудогардида ба моддаҳои хароҷоти барои эҳтиёҷоти муассиса мустақилияти пурра додааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҷамъоварии маблағи моҳона аз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар он ҳолат ба роҳ монда мешавад, агар ассотсиатсияи падару модар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолиятдошта бошад ва танҳо дар асоси розигии ассотсиатсияи падару модар маблағ ҷамъ мегардад.
Айни ҳол роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар пайи бартараф намудани мушкилоти зикргардида аст ва баҳри пешрафти соҳа кушиш менамояд.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон