ВОКУНИШ БА МАҚОЛАИ РАҲМОНАЛӢ ДОДАРХӮҶАЕВ БО НОМИ “ЛЕВАКАНТ: МАКТАБЕ, КИ САУДӢ НАСОХТ, ҶОЙИ ЧАРОИ ЧОРВО ШУДААСТ”, КИ ДАР ҲАФТАНОМАИ “ФАРАЖ” АЗ 5.05.2022, №18(804) НАШР ГАРДИДААСТ.

08-06-2022
 
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Раҳмоналӣ Додархӯҷаев “Левакант: Мактабе, ки саудӣ насохт, ҷойи чарои чорво шудааст”, ки дар ҳафтаномаи “Фараж” аз 5.05.2022, №18(804] нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Сохтмони нотамоми бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 1176 ҷойи нишаст дар деҳаи Тоҷирон (собиқ Ботуробод)-и шаҳри Левакант солҳои 1980-1990 асри гузашта аз ҳисоби собиқ колхози Карл Маркси ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) оғоз гардидааст. Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам додани совхозу колхозҳо сохтмони иншоот қатъ гардида, то имрӯз ҳамчун иншооти нотамом боқӣ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки сохтмони иншооти нотамом дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавозун ба тавозун гузаронида мешавад. Дар ин замина, тибқи тартиби муқарраргардида иншооти нотамоми зикргардида ба тавозуни Вазорати маориф ва илм гузаронида нашудааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илм аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ имконияти ба нақша ворид намудани идомаи сохтмони иншооти нотамоми зикргардидаро надорад.
Бо вуҷуди ин, шароити хонандагони деҳаи Тоҷирони шаҳри Левакантро ба инобат гирифта, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант ҷиҳати дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои ба анҷом расонидани сохтмони нотамоми муассисаи таълимӣ барои 1176 ҷойи нишаст дар деҳаи Тоҷирони шаҳри Левакант чораҷӯӣ менамояд.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон