Вокуниш ба мақолаи “Мушкилоти басти сеюм. Он дар вилояти Хатлон кай ҳалли худро меёбад?” (“Ҷумҳурият” , аз 21 апрели соли 2021, №79)

30-04-2021
Раёсати маорифи вилояти Хатлон мақолаи “Мушкилоти басти сеюм. Он дар вилояти Хатлон кай ҳалли худро меёбад?”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 21 апрели соли 2021, №79 нашр гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар аввали соли таҳсили 2020-2021 теъдоди муассисаҳои таълимие, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз норасоии синфхонаҳои таълимӣ фаъолияташонро дар се баст ба роҳ монда буданд, 26 ададро ташкил намуда, дар басти сеюм 3825 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда буданд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Вахш, Балҷувон 2 адад, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор 7 адад, шаҳри Кӯлоб 4 адад ва Восеъ, Ҳамадонӣ, Данғара ва Кӯшониён 1 ададї муассисаҳои таълимии себаста ба қайд гирифта шудаанд. 
Бояд қайд намуд, ки мушкилоти мазкур дар зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, баҳри бартараф намудани он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст. 
Дар натиҷаи сохта ба истифода додани бино ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди гимназияи давлатии №3 ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноњияи Фархор теъдоди муассисањои таълимии себаста аз 26 адад ба 24 адад расонида шуд.
Њамзамон, корњои сохтмонї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумии себастаи №47 ва №80 ноњияи Вахш, №53ғи ноњияи Восеъ, №17, №30, №31-и ноњияи Абдураҳмони Ҷомӣ, №2, №3, №5 ва №25-и ноҳияи Фархор, №19 ва №35-и шаҳри Кӯлоб идома дошта, то саршавии соли нави таҳсил мушкилоти дар се баст фаъолият намудани онҳо бартараф карда мешаванд. 
Зикр намудан ба маврид аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон дар шаш моҳи соли 2021 тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №504 тасдиқ карда шудааст, 8 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ва 4 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Леваканд барои 200 ҷойи нишаст дар як баст, муассисаи таҳсилоти умумии нав дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён барои 620 ҷойи нишаст дар як баст, бинои иловагӣ иборат аз 10 синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 дар деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59, 7 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и ноҳияи Ёвон, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Қазоқони ноҳияи Темурмалик барои 240 ҷойи нишаст, бинои иловагӣ иборат аз 27 синфхона барои 640 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Нурбахши ноҳияи Данғара ва берун аз Барнома 12 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла, 13 синфхонаи иловагї барои 320 ҷойи нишаст дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён барои 100 ҷойи нишаст, бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 150 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Пахтакори деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Ғалабаи деҳоти Ҷиликул иборат аз 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст, 2 синфхонаи иловагӣ барои 50 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Чкалови деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Айнии деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои 96 ҷойи нишаст, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Осмонбикаи деҳоти Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ барои 140 ҷойи нишаст, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72 барои 96 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ёвон, бинои иловагӣ иборат аз 27 синфхона барои 640 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и деҳоти Коррез, маҳаллаи 11-уми ноҳияи Данғара сохта ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ ба ҳолати 24.06.2021 20 иншооти соҳаи маориф барои 4615 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 9230) ба истифода дода шуданд. 
Дар баробари корҳои то ба имрӯз ба анҷом расонидашуда, бинобар сабаби сол то сол зиёд гардидани теъдоди хонандагон аз ҳисоби хонандагони синфи 1-ум дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон мушкилоти дар се баст фаъолият намудани муассисаҳои таълимӣ қисман боқӣ мондааст.
 
А. Олимӣ-
сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон