Вокуниш ба мақолаи “Кӯдакистони фаромӯшшуда кай таъмир мешавад” - и Исломи Раҷабалӣ, “Садои мардум”, №74 (4494) аз 16.06.2022

01-07-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Кӯдакистони фаромӯшшуда кай таъмир мешавад”- ро ҷиҳати таъмири кӯдакистон дар деҳаи Офтоблиқои деҳоти Зиракӣ, ки аз ҷониби рӯзноманигори рӯзномаи “Садои мардум” Исломи Раҷабалӣ №28 аз 16.06.2022 нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки вазорат ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи маориф дар доираи имконияти молиявӣ пайваста чораандешӣ менамояд. 
Қайд кардан зарур аст, ки кӯдакистони зикргардида, соли 1989 аз тарафи хоҷагии ба номи Саид Алии Ҳамадонӣ барои 100 нафар тарбиятгиранда сохта шуда буд. Аз соли 1989 то соли 2007 кӯдакистони мазкур аз ҳисоби буҷаи хоҷагӣ фаъолият менамуд, ки пас аз ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шудани хоҷагии ба номи Саид Алии Ҳамадонӣ фаоълияти кӯдакистон боз дошта шудааст. Тибқи нақша мебоист бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистон аз таъмир мебаромад, бинобар сабаби набудани шароити иқтисодӣ он амалӣ нагардид.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар назар аст, ки таъмири кӯдакистони мазкур тибқи нақша то 35-умин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад. 

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон