Вокуниш ба мақолаи “Деҳаҳои бемактабу сарсонии толибилмон” дар рӯзномаи “Садои мардум” аз 24.08.2022, №105 (4525)

05-09-2022
Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Вахдат вобаста ба мақолаи рӯзномаи “Садои мардум” - “Деҳаҳои бемактабу сарсонии толибилмон” аз 24.08.2022, №105 (4525) иттилоъ медиҳад, ки барои сохтмони муассиса дар деҳаи “Ҷавонон”- и ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов аз тарафи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, раёсати маориф ва ҷамоати деҳот чораҳои амалӣ андешида мешавад. 
Байни деҳаҳои “Ҷавонон” ва “Холмуродӣ” пули нав бо дарозии 75 метр сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки хонандагон бемалол аз болои он гузашта, барои таълим ба муассисаи таҳсилоти умумии №69 мераванд. 
Барои сохтмони муассиса бо қарори раиси шаҳр таҳти №2480, аз 7.10.2019, дар масоҳати 0,60 га қитъаи замин ҷудо гардида, дар баробари ин харҷномаи сохтмони муассиса низ барои 10 синфхона омода гардидааст. 
Ҳамзамон, қайд менамоем, ки сохтмони муассиса аз ҳисоби маблағи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва соҳибкори ватанӣ Қаюмов Мақсадбек сохта мешавад.
 
Қ. Давлатзода,
мудири маорифи шаҳри Ваҳдат