СОХТМОН ДАР ТАМОМИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД Ҷавоб ба мақолаи «ДЕҲОТ. Бунёди 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ», ки рӯзи 31-уми декабри соли 2018 №: 260 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.

10-06-2019
Зинаи таҳсилоти томактабӣ   яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ва вазорат пазируфта шуда, давра ба давра дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон зиёд гардида, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 618 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 99053 нафар (42203 духтар) кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Зиёдшавии кӯдакон нисбат ба соли 2017  6000 нафарро ташкил медиҳад. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар   соли 2018 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ба 99 адад расидааст, ки нисбат соли 2017  7 адад зиёд мебошад.
Вазорати маориф ва илм бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ - маркази инкишофи кӯдакро ташкил намуд, ки теъдоди чунин муассисаҳо сол ба сол зиёд гардида истодааст. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 1804 адад марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки он нисбат ба соли 2017 133 марказ зиёд мебошад. Марказҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 269 адад, Хатлон 767 адад, Суғд 451 адад ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 317 ададро ташкил медиҳад.
Дар марказҳои зикршуда фарогирии кӯдакон дар соли 2017 43666 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2018 ба 48726 нафар баробар гардид, ки он 5060 нафар зиёд мебошад. Фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6166 нафар, Хатлон 19644 нафар, Суғд 15695 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7221 нафар ба қайд гирифта шуд.      
Дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020» қабул шудааст, ки  афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маорифро муайян намуда, бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) сол то сол зиёд мегардад. Дар сурати пурра иҷро гардидани барномаи мазкур мушкилоти ҷойдошта ҳал хоҳад гашт.
 
Э. Сафарзода-сардори Маркази матбуоти
 Вазорати маориф ва илми
 Ҷумҳурии Тоҷикистон