ПЕШНИҲОД ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ

15-02-2021
Ҷавоб ба мақолаи Рӯзафзун Додарҷонова, омӯзгори МТМУ №61-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи “Як пешниҳоди муҳим” дар саҳифаи 3-и шумораи №2 (24109) рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 5-уми январи соли 2021  ба нашр расидааст.
Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба навиштаи Рӯзафзун Додарҷонова, омӯзгори МТМУ №61-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо номи “Як пешниҳоди муҳим” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (шумораи №2 (24109) аз 5-уми январи соли 2021) ба нашр расидааст, иттилоъ медиҳад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияту таҷдиди шартҳо ва талаботи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ҳамзамон, беҳтар гардонидани раванди баргузории он, таъмин бо мутахассисони баландтаҷриба ва дигар паҳлуҳои марбут ба озмуни мазкур барои солҳои оянда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” соли дуюм аст, ки идома дорад ва табиист, ки ҳанӯз ҳам дар ин самт мушкилот кам нестанд. Аммо бо вуҷуди камбудию норасоиҳо бо боварӣ метавон гуфт, ки озмуни мазкур дар самти тарбияи китобхониву китобдӯстдорӣ ва ташвиқи аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон ба китобу китобдорӣ саҳми назаррасе гузоштааст, ки исботи ин гуфтаҳоро дар миёни ҷомеа, расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои итимоӣ баръало метавон мушоҳида намуд.  
Пешниҳодҳои муаллиф вобаста ба интихоби ҳакамони гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби омӯзгорони ин зинаи таҳсилот, интихоби ҳакамони гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби  омӯзгорону профессорони донишкадаву донишгоҳҳо,  таъмини равоншиносону педагогони соҳибтаҷриба барои дастгириву баланд бардоштани руҳияи иштирокчиёни озмун қобили дастгирӣ буда, зимни таҷдиди назар намудани Низомномаи озмун ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда мешавад. 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон