МУШКИЛОТ ДАР ДОИРАИ ИМКОНОТ ҲАЛ МЕШАВАНД

19-04-2021
Вокуниш ба матлаби Субҳониддини Маҳмуд, хабарнигори АМИТ “Ховар”, ки 5.04.2021 дар сомонаи АМИТ “Ховар” бо номи “МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД. Чаро сохтмони мактаби №6, ки қариб 20 сол пеш оғоз шуда буд, анҷом намеёбад?” нашр шудааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи муаллиф Субҳониддини Маҳмудро, ки дар робита ба мушкилоти муассисаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикобод таълиф ва нашр шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, изҳор медорад, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти зикршуда дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Бояд гуфт, ки сохтмони муассисаи таълимии №6 барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Нушори ноҳияи Тоҷикобод бо ҷалби пудратчӣ ҶДММ «Рамиз» соли 2009 оғоз гардида, тибқи нақша навбати авввали иншоот - бинои таълимӣ иборат аз 8 синфхонаи таълимӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст соли 2012 (на соли 2009, тибқи иттилои муаллиф) мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. 
Баъдан бо мақсади идомаи сохтмони иншооти мазкур дар навбати дуюм давоми солҳои 2013-2020 бинои таълимӣ барои 336 ҷойи нишаст дар як баст  сохта ба истифода дода шуд, ки маблағи сарфшуда дар ин навбат барои корҳои сохтмонии анҷомёфта 1 миллиону 278 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар доираи корҳое, ки бо харҷи маблағи мазкур иҷро гардидаанд, корҳои заминӣ, рехтани таҳкурсии бино, бардоштани деворҳои ошёнаи якум ва дуюми бино, пӯшонидани болопӯш ва боми бино, васл намудани тирезаҳо, андова намудани деворҳои дохил ва намои берунии бино ба анҷом расонида шудааст. 
Бояд афзуд, ки дар иншооти мазкур давоми солҳои 2013-2016 бо ҶДММ «Рамиз» ба маблағи 553,5 ҳазор сомонӣ, соли 2017 дар асоси озмун бо ҶДММ «Аҳорун» ба маблағӣ 194,301 ҳазор сомонӣ ва солҳои 2019-2020 дар асоси озмун бо ҶДММ «Нурофарид Сохтумон» ба маблағи 475 ҳазор сомонӣ қарордод баста шуда, дар доираи қарордодҳои зикргардида корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Директори ҶДММ «Нурофарид Сохтумон»  на Ноилҷон Бобоев, балки Бобоев Авҷ буда, корҳои сохтмонии иҷрогардидаи ширкат то имрӯз 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад (на 150 ҳазор сомонӣ, тибқи иттилои муаллиф), ки дар соли равон пардохт карда мешавад. Соли равон барои идомаи сохтмони иншооти мазкур ба андозаи 700 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.  
Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи банди 1 сархати 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020, №689 дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»  хариди мол, кор ва хизматрасонии маблағҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳо ва меъёрҳои муқарраргардида бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ амалӣ карда мешавад. Тибқи тартибот баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ идомаи сохтмони иншоот то охири моҳи апрели соли равон оғоз мегардад. 
Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии №3-и деҳаи Сари Най, №4-и деҳаи Ширинчашма, №5-и деҳаи Файзбор, №9-и деҳаи Шарқиён, №14-и деҳаи Одилобод, №15-и деҳаи Сабзазор ва №20-и деҳаи Гулрез дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. 
Дар ин замина, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм  ҷиҳати сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, дархости лоиҳавӣ оид ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби Фонди Рушди Қатар омода ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Шароити муассиссаҳои таълимии ноҳияи Тоҷикободро ба инобат гирифта, дар рӯйхати мазкур  сохтмони муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳияи Тоҷикобод ворид карда шудааст.  
Пас аз дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Фонди Рушди Қатар, Вазорати маориф ва илм омода аст, ки ҷиҳати сохтмони муассисаҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳияи Тоҷикобод чораҷӯӣ намояд.
Тибқи нақша соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод идомаи сохтмони муассисаи таълимии №6-и деҳаи Нушор ва идомаи сохтмони муассисаи таълимии №10 ба нақша гирифта шуда, дар доираи имконияти молявӣ сохтмони иншооти мазкур соли равон ба анҷом расонида мешавад.
Вазорати маориф ва илм вобаста ба сохтмону азнавсозии иншоти соҳаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳия бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ чораҷӯӣ менамояд. 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон