ФАРМОНИ №622. РОҲБАРОН МАСЪУЛИЯТ ЭҲСОС МЕКУНАНД, АГАР…

01-04-2020
Вокуниш ба мақолаи «Фармони №622. Чаро баъзе роҳбарон масъулият эҳсос намекунанд?»-и Қурбон Мадалиев, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (аз 29.01.2020, №21-22) ба нашр расидааст
 
Санаи 29-уми январи соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№21-22) мақолаи таҳлилию танқидии рӯзноманигор Қурбон Мадалиев ба табъ расид, ки дар он муаллиф аз иҷро нагардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, №622 изҳори нигаронӣ менамояд. Одатан, ҳамасола як ё ду маротиба баъд аз ҷамъбасти нимсола ва ё анҷоми сол масъулини рӯзномаи “Ҷумҳурият” доир ба рафти иҷрои Фармони мазкур мақола нашр менамоянд ва дар он як силсила мақолаҳоро, ки гӯё ба онҳо аз ҷониби ин ё он ниҳод вокуниш нишон дода нашудааст, номбар мекунанд. Аммо баъд аз мутолиаи мақолаи танқидии дастандаркорони рӯзнома ва мақолаҳои дар рӯйхатбуда ба назар мерасад, ки мақола танҳо бо таҳлили рӯякӣ ба нашр расидааст ва ё муаллиф ҳангоми таълифи мақолаю ҷамъоварӣ ва таҳияи рӯйхат танҳо ба сарлавҳаи ин ё он мавод нигаристаасту халос. Борҳо дар ин масъала бо масъулини рӯзнома дар суҳбат будем ва ҳамагӣ зимни суҳбат мегуфтанд, ки минбаъд ислоҳ мешавад, аммо... Яъне, вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, №622 роҳбарони вазорату идораҳо масъулият эҳсос мекунанд, агар ҳангоми таҳияю таълифи мақола рӯзноманигорони “Ҷумҳурият” аз рӯйи принсипҳои касбият ва талаботи журналистӣ амал намоянд.
РӮЗНОМАНИГОР НАМЕДОНАД, КИ...
Баъд аз муқаддима ва иқтибос овардан аз Фармони №622 муаллиф менависад, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2019-ум 150 мақолаи таҳлиливу танқидӣ нашр шудааст, ки ҳамагӣ ба 30-тои он аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вокуниш пешниҳод шудаасту халос. Сипас, дар мақола номи чанд вазорату кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ба истиcнои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мешавад. 
Бо камоли эҳтиром ба таваҷҷуҳи муаллифи мақола Қ.Мадалиев мерасонем, ки рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 07.02.2009, №622 зери назорати ҳамаҷонибаи роҳбарияти вазорат қарор дошта, вобаста ба он пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар соли 2019 вобаста ба соҳаи маориф ва илм беш аз 30 мақолаи таҳлилию танқидӣ дар матбуоти даврию шабакаҳои иҷтимоӣ ва гузоришу барнома дар радиою телевизион интишор шуд, ки ба ҳамаи онҳо аз ҷониби Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм ва шахсони масъул ҷавобу вокунишҳо таҳия ва ба идораҳои воситаҳои ахбори омма ирсол карда шуданд. Аз ҷумла, ба маводҳои нашршуда дар рӯзномаҳои “Ҷумҳурият” 18 вокуниш, “Садои мардум” 3 вокуниш, ҳафтаномаҳои “Народная газета” 2 вокуниш, “СССР” 4 вокуниш, “Фараж” 2 вокуниш ва сомонаи «Sputnik.tj» 1 вокуниш фиристода шудааст. 
Рӯзноманигори муҳтарам огоҳ нестанд, ки Вазорати маориф ва илм ба 18 мақолаи таҳлилию танқидии “Ҷумҳурият” вокуниш ирсол намудааст. Яъне, дар соли 2019, хусусан, баъд аз чопи мақолаи “Фармони №622. Роҳбарон аз иҷрои уҳдадориҳояшон саркашӣ мекунанд. Чаро?” (2 августи соли 2019) вазорат ба тамоми мақолаҳои таҳлилию танқидии рӯзнома вокуниш омода намуда, ба унвонии рӯзнома ирсол намудааст. Сипас, вазорат тамоми вокунишҳоро замима намуда, бо мактуби расмӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 8.08.2019, №15/1-01.652) ирсол намудааст. Инчунин, ҳамаи вокунишҳои ба нашрияҳо пешниҳодшуда дар сомонаи расмии вазорат ҷой дода шудааст.
Бо вуҷуди ин, тамоми мақолаҳои навбатии дар рӯйхатовардаи муаллифро ба риштаи таҳлил мекашем.
“АТТЕСТАТСИЯ. ОН БОЯД ВОҚЕЪБИНОНА ВА ШАФФОФ ГУЗАРАД”
Мақолаи «Аттестатсия. Он бояд воқеъбинона ва шаффоф гузарад» рӯзи 23-юми январи соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо имзои О.Вафобек мунташир шудааст.
Дар ин матлаб рӯзноманигор аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз аттестатия гузаронидани кормандони соҳаи маориф ва кадрҳои омӯзгорӣ ёдовар шуда, сипас андешаи Ҷумахон Самиев-сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар мавриди давраҳои аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон овардааст. Сарлавҳаи матлаб андак бо матни дохили мавод мувофиқат намекунад ва хонанда дар нигоҳи аввал фикр мекунад, ки сухан дар мавриди қонуншиканиҳо дар давраи аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи маориф меравад. Аммо асли воқеа чунин нест. Дар мақола муаллиф чанд сухани умумӣ ва андешаҳои худро доир ба нақши аттестатсия дар фаъолияти омӯзгор баён дошта, бо масъули соҳаи маориф Ҷ.Самиев-сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шуда, дар охир бо овардани чанд омори расмӣ доир ба соҳаи маорифи шаҳри Душанбе мақолаашро ба охир расонидааст. Яъне, дар он масъули соҳа фикру андешаҳояшро ҳангоми суҳбат бо рӯзноманигор иброз доштааст, ки аслан танқидӣ ҳам нест.
«ЖУРНАЛИСТИКА. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА»
Ин мақола, ки «Журналистика. Чанд паҳлуи як проблема» ном дорад, ба қалами Н.Маъмурзода-устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тааллуқ дорад, ки рӯзи 28-уми марти соли 2019 нашр шудааст. Дар маводи зерин муаллиф аз ҷой доштани баъзе мушикилиҳо дар самти тайёр намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ ёдовар шуда, барои беҳсозии раванди таҳсилоти журналистӣ дар мактабҳои олӣ чанд таклифу пешниҳоди худро манзур намудааст. Аслан, чунин шакли пешниҳоди мавод хоси мақолаи илмӣ мебошад, аммо ҳангоми таҳияи рӯйхат ва таълифи мақола рӯзноманигор Қ.Мадалиев ба худи мақолаи Н.Маъмурзода таваҷҷуҳ накардааст, ки дар он бештар гап танҳо сари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ не, балки дигар ниҳодҳои журналистӣ меравад. Аз ин рӯ, мебоист рӯзноманигор дар баробари Вазорати маориф ва илм дигар-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Академияи ВАО ва муҳимтар аз ин, номи тамоми васоити ахбори омма, ки дар ҳудуди кишвар фаъолият менамоянд, номбар мекард. 
Бо вувҷуди ин, навиштаҳои муаллиф Н.Маъмурзода, ки ба назари муҳаққиқону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ-С. Корконосенко, А. Нуралиев, Н. Солехов такя намудааст, барои Вазорати маориф ва илм «кашфиёт»-и нав нест ва доир ба ин масъала бо истифода аз зарфияти устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
«АГАР НОШУНАВОРО НАМЕШУНАВЕМ…»
Мақолаи «Агар ношунаворо намешунавем…» рӯзи 5-уми апрели соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мунташир шудааст, ки муаллифи он Абдулқодири Раҳим мебошад.
Боиси хурсандист, ки таваҷуҳи давлату Ҳукумат ба қишри ниёзманди ҷомеа зиёд аст ва ҳамасола доир гардидани вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва дидан намудани Пешвои миллат аз муассисаҳои таҳсилотии имконияташон маҳдуд гувоҳи он аст. 
Муаллиф дар навиштаи худ имтиёзҳои маъюбони гурӯҳи 3-юм дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилии китоби таълимиро барои ин гурӯҳ ашхос ёдовар шудаанд. Маврид ба ёдоварист, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2020 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 (ИМД-2020) оғоз кард. Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шудааст. Дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд. 
Тибқи тартиботи муқарраркардашуда ММТ барои маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 имтиёзҳои муайян пешбинӣ кардааст ва барои маъюбони гурӯҳи 3-юм имконият додааст, ки дар вақти супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи ММТ ба онҳо устодон ва парасторон кумак намуда, имтиҳонро супоранд.
Дар идома муаллиф қайд мекунад, ки «Метавонем бо сарфарозӣ ва хушнудӣ ҳисобот бидиҳем, ки барои ин гурӯҳи ҳар сол чанд ва чӣ миқдор китобҳои дарсӣ таълиф намудему ба нашр расонидем? Оё дар ин соҳа мутахассисони асилу заруриро тайёр кардаем? Сатҳу сифтаи таълимро метавонем, ки беҳтар созем?». Барои ҷавоби муаллиф маълумоти зерринро пешниҳод менамоем.
То имрӯз барои хонандагони мактабҳои кӯдакони ношунаво ва гунг китобҳои дарсии «Алифбо барои мактабҳои кӯдакони шунавоияшон суст» ба теъдоди 300 нусха, «Алифбо барои синфҳои тайёрии мактабҳои кӯдакони ношунаво» ба теъдоди 600 нусха, «Китоби хониш барои синфи 1-уми мактабҳои кӯдакони ношунаво» ба теъдоди 600 нусха, «Талаффуз» барои хонандагони синфҳои 1–2-юми мактабҳои кӯдакони ношунаво ба теъдоди 600 нусха ва «Инкишофи нутқ барои кӯдакони ношунаво» барои синфи 2-юм ба теъдоди 600 нусха, «Барномаи таълимии забони тоҷикӣ дар мактаб-интернатҳои махсус» ба теъдоди 500 нусха нашр шудааст. 
Соли 2015 бори нахуст барои кӯдакони ношунаво ва гунги мактабҳои махсус китоби дарсии «Имову ишора» (муаллифон: С. Д. Қувватов, З. П. Раҳмонов) бо теъдоди 2 000 нусха дар ҳаҷми 432 саҳифа чоп шуда, ба муассисаҳои дахлдор дастрас гардонида шуд. Аз китоби номбурда, ҳамчунин омӯзгорону мураббиёну волидони кӯдакони ношунаво ва донишҷӯёни гурӯҳҳои сурдопедагогика фаровон истифода бурда метавонанд. Инчунин, моҳи декабри соли 2019 қисмати дуюми китоби дарсии «Имову ишора» (муаллифон: С. Д. Қувватов, З. П. Раҳмонов) ба теъдоди 2 000 нусха нашр карда шуд.
Айни замон бо ҳуруфоти брайлӣ китобҳои дарсии «Забони модарӣ» барои синфи 1-ум (китоби дувум) ба теъдоди 45 нусха, «Забони модарӣ» барои синфи 2-юм (иборат аз чор китоб) ҳар яке ба теъдоди 45 нусхагӣ, «Математика» барои синфҳои 1-ум ва 2-юм ҳар яке ба теъдоди 45 нусхагӣ ва «Русская речь» барои синфи 2-юм ба теъдоди 40 нусха, «Букварь» барои синфи 2-юм (иборат аз ду китоб) ҳар яке бо теъдоди 45 нусхагӣ нашр шудаанд. 
Бо ҳамкории мутахассис Л. А. Губанова таҳия ва таҳрири «Барномаи комплексӣ оид ба варзиши мутобиқгардонидашудаи хонандагони аз ҷиҳати фитрӣ инкишофнаёфтаи синфҳои I¬¬¬–IV мактабҳои интернати ёрирасон» анҷом дода шуд.
Ҳамчунин, барои хонандагони муассисаҳои таълимиву тарбиявии махсус дастхатҳои «Тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагони имкониятҳои маҳдуддошта» (бо забони русӣ) ва «Ташкил ва баргузор кардани бозиҳо барои кӯдакони иллатдошта ба воситаи бозиҳои амалӣ ва машқҳо» (бо забони русӣ) ворид шуда, бо қарори Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудаанд.
Бояд қайд кард, ки баъди ташхису таҳқиқ ҳанӯз дар соли 2012 китоби дарсии «Математика» барои хонандагони синфи 1-уми мактабҳои ёрирасон (муаллиф: Р. Раҳимова), китоби дарсии «Китоби хониш» барои синфи 3-юм, (муаллифон: З. Раҳмонов, Б. Алиҷонова, С. Қуватов), дастури «Кори ислоҳкунии логопедӣ ҳангоми халалдоршавии овоз» барои омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (муаллиф: С. А. Таптова; тарҷумон: А. Шозиёева), дастури «Методҳои ташхиси нейропсихологӣ» барои омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (муаллифон: Л. И. Васерман, Я. А. Меерсон, С. А. Дорофеева; тарҷумонҳо: Х. Бобоёрова, Г. Н. Абдураҳмонов, Қ. Каримов, А. С. Ёраҳмадов), дастури «Мактаб барои кӯдакони нутқи нуқсондошта» барои омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (муаллиф: Н. А. Никошина; тарҷумонҳо: Д. Маҳкамов, А. Абдуллоев), дастури «Маҷмӯаи мавод барои инкишофи нутқ ва ислоҳи талаффузи овозҳои кӯдакони синни томактабӣ» барои омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (муаллифон: Л. П. Успенская, М. Б. Успенский; тарҷумон: Б. Мирбобоева), дастури «Инкишофи нутқи кӯдакони забонашон лакнатдор» барои омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (муаллифон: Л. Иматова, С. Тӯронов), дастури «Ислоҳи нуқсонҳои нутқ» барои мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон (мураттиб: Р. А. Раҳимова), «Барномаи таълими математика дар мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон» (мураттиб: Р. А. Раҳимова), китоби дарсии «Математика»  (муаллиф: Н.Ф. Слезина; тарҷумон: Б. Бӯриев) барои хонандагони синфи 2-юми мактабҳои махсуси кӯдакони кар ва гурӯҳи дуюми мактабҳои кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда, китоби дарсии «Алифбо» (муаллифон: М. Лутфуллоев, М. Акобирова, Р. Давлатмуродов) барои хонандагони синфи 1-уми мактабҳои ёрирасон,  «Барномаи таълими фанҳои табиатшиносӣ ва география барои кӯдакони ақлан қафомонда дар мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон» (мураттибон: М. Х. Акобирова, С. Э. Ёдгоров), «Барномаи таълими математика дар мактаб-интернатҳои махсуси ёрирасон» (муратиб: М. Х. Акобирова), «Барномаи таълими фанни география дар синфҳои 6–11-уми мактаб-интернатҳои кӯдакони ношунаво ва деркаршуда» (мураттиб: Т. Бердов) ва «Барномаи таълими фанни табиатшиносӣ дар синфҳои 4–7-уми мактабҳои махсуси кӯдакони ношунаво ва сустшунавою деркаршуда» (мураттиб: Т. Бердов) ба ҷаласаи мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо қарорҳои он тасдиқ ва чоп гардидаанд. 
Айни замон «Барномаи таълими фанни география дар синфҳои 6–11-уми мактаб-интернатҳои кӯдакони ношунаво ва деркаршуда» (мураттиб: Т. Бердов) ва «Барномаи таълими фанни табиатшиносӣ дар синфҳои 4–7-уми мактабҳои махсуси кӯдакони ношунаво ва сустшунавою деркаршуда» (мураттиб: Т. Бердов) ба теъдоди ҳар яке 50 нусхаӣ дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди чоп қарор доранд.
Яъне, пайваста аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  раванди таълиму тадриси хонандагони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. 
«НОШУНАВОРО ҲАТМАН БОЯД БИШНАВЕМ!»
Мақолаи «Ношунаворо ҳатман бояд бишнавем!», ки рӯзи 25-уми апрели соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (муаллиф Саттор Қувватов) мунташир шудааст, дар ҳамовозӣ ба мақолаи «Агар ношунаворо намешунавем…»-и Абдулқодири Раҳим таҳия шудааст. Муаллифи мақола Саттор Қувватов худ мутахассиси забони ишора мебошад ва дар раванди чоп намудани адабиёти дарсӣ барои гурӯҳи хонандагони мазкур саҳми арзанда дорад. 
Ҳамзамон, номбурда муаллифи китоби «Имову ишора» (С. Д. Қувватов, З. П. Раҳмонов) мебошад. Аз китоби номбурда, ҳамчунин, омӯзгорону мураббиёну волидони кӯдакони ношунаво ва донишҷӯёни гурӯҳҳои сурдопедагогика фаровон истифода мебаранд. Инчунин, соли 2019 қисмати дуюми китоби дарсии «Имову ишора» (муаллифон: С. Д. Қувватов, З. П. Раҳмонов) ба теъдоди 2 000 нусха нашр шудааст.
Муаллиф дар мақола, дар баробари чанд мушкилоти ҷойдошта, инчунин, якчанду таклифу пешниҳодҳои худро ироа намудааст, ки қобили қабуланд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки бо дастгирию кумаки давлату Ҳукумат, ки ба ин қишри ҷомеа таваҷуҳи махсус зоҳир мешавад, дар солҳои наздик тамоми камбудиҳо ҳалли худро меёбанд. 
«ИЛМҲОИ ДАҚИҚ. ЧАРО ТАВАҶҶУҲ КАМТАР АСТ?»
Мақолаи «Илмҳои дақиқ. Чаро таваҷҷуҳ камтар аст?» 7-уми майи соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, ки муаллифаш Меҳрангез Қодирова мебошад.
Аслан, мақолаи «Илмҳои дақиқ. Чаро таваҷҷуҳ камтар аст?» бо таҳлил ва назари мутахассисон ва коршиносони соҳа омада гаштааст, ки нишон додани вокуниш ба он қобили қабул нест. Вале ба ғайр аз ин, дар мақола нуқтаҳое дарҷ гардидааст, ки муаллифро мебоист барои пурра кардани матлаби хеш ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат мекард ва маълумоти мушаххасро дастрас менамуд. Аз ин рӯ, чанд маълумотро вобаста ба мақолаи зикршуда пешниҳод менамоем, ки шояд барои таҳияи мақолаҳои баъдӣ ба муаллиф лозим шаванд.
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.
Раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2019-2020 барои 2760 нафар омӯзгор эҳтиёҷ пешниҳод намуда буданд. Эҳтиёҷоти мазкур дар муассисаҳои таълимии ВМКБ - 134, Хатлон 727 нафар, Суғд - 660 нафар, шаҳри Душанбе - 227 нафар ва ШНТҶ - 1012 нафарро ташкил медод. Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони соҳибкасб дар асоси роҳхати Вазорати маориф ва илм 4217 нафар ба ҷойи кор фиристода шуд, ки аз ин шумора ба муассисаҳои таълимии ВМКБ-342 нафар, Хатлон-1599 нафар, Суғд-1079 нафар, шаҳри Душанбе - 259 нафар ва ШНТҶ-938 нафар рост меояд. 
Тибқи маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 2969 нафар (70,4 %) мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор ҳозир гардид, ки 135 нафар (39,4 %) дар ВМКБ, 1232 нафар (77,0 %) дар Хатлон, 722 нафар (67,0%) дар Суғд, 184 нафар (71,0%) дар шаҳри Душанбе ва 696 нафарро (74,2%) дар ШНТҶ ташкил медиҳад.
Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд» нишон дод, ки 100 нафар аз мутахассисони ҷавон бо ихтиёри худ маблағҳои буҷетиро баргардониданд.
Дар баробари ин, барои амалишавии «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва “Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” як зумра корҳои назаррас ба роҳ монда шуд.  
Баҳри амалишавии барномаҳои мазкур то имрӯз теъдоди умумии компютер дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба 68296 адад, принтер 11242 адад, проектор 3302 адад ва тахтаҳои электронӣ 2510 адад расид. 
Илова бар ин, танҳо дар давраи таътили тирамоҳӣ 4045 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои омӯзиши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта шуд.
Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи маводи таълимии электронӣ бо забони давлатӣ маводи видеоии таълимию методии «Адибони тоҷик», «Мавзеъҳои Тоҷикистон», «Математика синфи 1», «Геометрия синфи 7», «Истифодабарии тахтаи электронӣ, почтаи электронӣ» ва шакли электронии китобҳои дарсии аз синфи 1-11 таҳия ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.
Инчунин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”иқдоми наҷибест барои рушди илмҳои дақиқ. Вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Вазорати маориф ва илм гурӯҳи кории босалоҳият таъсис ёфтааст, ки ҷиҳати таҳияи  нақшаи чорабиниҳо табирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодаанд. Боварӣ аст, ки бо татбиқи бистсолаи мазкур илми тоҷик ба дастовардҳои назаррасе ноил мегардад.
«КӮДАКОН ВА МУШКИЛИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?»
Мураббияи мактаб-интернати №2-и шаҳри Душанбе Мисқол Собирова дар мақолаи «Кӯдакон ва мушкили китобҳои бадеӣ. Чӣ бояд кард?», ки рӯзи 10-уми майи соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, фикру андешаи худро доир ба мазмуну муҳтавои адабиёти бачагона, иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ва фаъолияти Шӯрои адабиёти кӯдаконаи Иттифоқи нависандагон баён намудааст. 
Дар оғози матлаб омадааст: «Масъалае, ки мо ҳамчун омӯзгор баррасӣ карданием, вобаста ба адабиёти кӯдак буда, ба адибон, адабиётшиносон ва ноширон марбут аст. Руҷӯи мо ба ин муаммо аз иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гузарондани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва дар мавриди озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият»-«Беҳтарин шеъри бачагона» сарчашма мегирад».
Агар рӯзноманигори муҳтарам Қурбон Мадалиев ҳангоми таҳияи мақола ба сарлавҳа не, балки худи мақоларо мутолиа мекард, ҳатман ба ин мақола на аз Вазорати маориф ва илм, балки аз Иттифоқи нависандагон ва ё аз Вазорати фарҳанг вокунишро талаб менамуд. Чун муаллиф М.Собирова худ дар мақола ишора мекунад, ки навиштаҳои ӯ ба “ба адибон, адабиётшиносон ва ноширон марбут аст”.
Бо вуҷуди ин, ба таваҷҷуҳи Қ.Мадалиев, ки агар мехоҳад донад, ки Вазорати маориф ва илм барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ чӣ теъдод китобҳои бадеиро нашр намудааст, мерасонем, ки дар соли сипаришуда 43 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн. 131 ҳазору 154 нусха, 51 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 49 ҳазору 502 нусха, 30 номгӯй маводи таълимӣ  ба миқдори 342 ҳазору 450 нусха нашр шудааст. 
Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 103 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн. 590 ҳазору 200 нусха дастрас карда шудааст, ки нисбат ба соли 2018 388 ҳазору 234 нусха зиёд мебошад. Дар ин давра 84 номгӯй маводи таълимӣ (барномаи таълимӣ, роҳнамои омӯзгор ва ғ.) ба миқдори 365 ҳазору 79 нусха ва 78 номгӯй адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 19 ҳазору 605 нусха ирсол гардидааст. 
Инчунин, дар соли 2019-ум аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Маориф” дар маҷмӯъ  166 номгӯй адабиёти таълимию методӣ ва бадеӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1700 ҷузъи чопӣ ба нашр омода шуд. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият силсилакитобҳо таҳти унвони “30-солагии Истиқлолият” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз тариқи нашриёти “Маориф” омода ва нашр гардид.
«ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБИ ОН»
Мақолаи «Такмили ихтисос ва мушкилоти ҳалталаби он», ки рӯзи 29-уми майи соли 2019 нашр шудааст, ба қалами Саидашрафи Акрам-собиқ корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дахл дорад. Тибқи иттилои масъулини Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба мақолаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти донишкада вокуниш омода гардида, ба унвонии рӯзномаи “Ҷумҳурият” ирсол шудааст ва он бо имзои А. Наҷмиддинов, С. Эгамбердиев ва Э. Аҳмадов зери унвони “Маориф. Такмили ихтисос дар мадди аввал” (“Ҷумҳурият”, №134, аз 16.07.2019)  ба табъ расидааст (Воқеан, вокуниш бо сарлавҳаи дигар ба унвонии рӯзнома ирсол шудааст, аммо масъулини рӯзнома онро бо номи мазкур “Маориф. Такмили ихтисос дар мадди аввал” ва ба мазмуну муҳтавои ба худашон мақбул на ҳамчун вокуниш, балки як мақола ба табъ расонидаанд). Масъулини рӯзнома бехабар аз ин ки вокуниш кайҳо нашр шудааст, дубора гӯшрас кардаанд, ки гӯё аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба он вокуниш нишон дода нашудааст. Аз ин рӯ, агар рӯзноманигорони муҳтарам мехоҳанд, ки такроран вокунишро пешниҳод кунем (вокуниши бо ташаббуси муҳаррирони рӯзнома мақолашуда), ҳеҷ мушкил надорад ва инҷо такроран вокуниши роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро меорем:
“Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ воситаи муҳими баланд бардоштану ташаккули малакаву маҳорати устодону омӯзгорон ба шумор меравад. Бо назардошти вазъияти феълӣ, такмили ихтисос ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳбуди сифати таҳсилот ва дар маҷмӯъ, рушди муассисаҳои таълимист. 
Тақвияти ин гуфтаҳо аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад, бармеояд. Ба ибораи дигар, ҳеҷ соҳа бе мутахассисони варзида ва огоҳ ба комёбӣ ноил намегардад. Аз ин лиҳоз, бо қарори Ҳукумати кишвар аз 28 июни соли 2017, №357 “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022” қабул гардид, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ тибқи ин барнома амал менамояд. 
Мушкилоти соҳа дар китоби «Самтҳои аввалияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (муаллифон Х. Қурбонзода ва Ҳ. Бобоев) дарҷ гардидаанд. Ҷиҳати татбиқи масъалаҳои зикршуда раёсати донишкада ду сол боз барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ - техникӣ, илмӣ - методӣ, иттилоотии раванди такмили ихтисос, таъмин намудани раванди такмил бо кормандони унвони илмидошта, таъмини китобхонаи электронӣ, бартараф намудани камбудиҳои банақшагирӣ дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда, ин раванд батадриҷ идома дорад. Гузашта аз ин, барои рушди такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф тайи се соли охир дар донишкада як қатор иқдомҳои тоза рӯи кор омаданд.
Синфхонаҳои таълимии донишкада ва филиалҳои он бо тамоми воситаҳои техникии замони муосир, аз қабили тахтаи электронӣ, видеопроектор, компютер ва амсоли ин муҷаҳҳазонда шудаанд, машғулиятҳо дар сатҳи баланд гузаронда мешаванд. Китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки айни ҳол он дорои шумораи зарурии асарҳои илмию назариявӣ, сиёсӣ, бадеӣ ва дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-11) ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос (62 номгӯй) мебошад.
Ҳамзамон, афзуданием, ки бори нахуст дар таърихи донишкада дар солҳои соҳибистиқлолӣ шӯрои муҳаққиқон таъсис ёфт. Айни ҳол 2 нафар рисолаи докторӣ ва 2 нафар рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя карда, чор нафари дигар дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Мушкилоти мавҷудаи соҳа зина ба зина ҳини татбиқи Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳалли худро хоҳад ёфт».
«МУБОРИЗА БО ТАМОКУИ БЕДУД МАСЪАЛАИ ҲАЛТАЛАБ»
Зери ин унвон аз натиҷаи мизи мудавваре, ки бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардидааст, хабари журналист Бузургмеҳри Баҳодур нашр шудааст. 
Ҳамагон огоҳанд, ки Вазорати маориф ва илм бо содири як дастури вижа солҳост, ки истифодаи тамокуро дар муассисаҳои таълимӣ манъ намудааст. Инчунин, аз ҷониби омӯзгорон тавассути соатҳои тарбиявӣ ва барномаҳои махсус дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба хонандагон ва донишҷӯён вобаста ба зарари тамоку маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад ва дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату кумитаҳо ба таври доимӣ суҳбату вохӯриҳо ташкил карда мешавад, ки шояд рӯзноманигор Қ.Мадалиев аз он бехабар аст. Аммо то куҷо ин хабари натиҷаи мизи мудаввар аз Вазорати маориф ва илм вокуниш талаб мекунад, ҳеҷ як мутахассиси соҳаи маорифу фарҳангу матбуот намедонад, ба ҷуз масъулини рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
«ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. АКСАРИ ЛАГЕРҲО БА ҚАБУЛИ МАКТАБИЁН ОМОДА НЕСТАНД!»
Мақолаи мазкур ба қалами рӯзноманигор Меҳрангез Қодирова тааллуқ дошта, он дар асоси суҳбат бо Нигора Назарзода-муовини аввали раиси федератсия таҳия шудааст. Яъне, проблемаву мушкилоти лагерҳоро дар мақола на журналист, балки муовини аввали раиси федератсия дар асоси маълумотномаи санҷиши якҷояи Вазорати маориф ва илм, Федаратсияи иттифоқҳои касаба, Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ иброз доштааст. 
Ба таваҷҷуҳи масъулини рӯзнома мерасонем, ки маълумоти мазкур, ки аз ҷониби гурӯҳи санҷишии муштарак таҳия шудааст, дар дасти масъулини Вазорати маориф ва илм қарор дорад ва ҳанӯз соли 2019 ба унвонии тамоми масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мактуб ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ирсол гардида буд. Инчунин, моҳи ноябри соли 2019 дар моҳномаи “Ҳомии омӯзгор”-и Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм низ мақола зери унвони “Истироҳату фароғати 297872 нафар дар истироҳатгоҳҳо” ба нашр расидааст, ки он вазъи фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ба риштаи таҳлил кашидааст. 
Илова ба ин, масъулини рӯзномаро мебоист, ки вобаста ба проблемаву мушкилоти ҷойдоштаи мақолаи мазкур на аз Вазорати маориф ва илм, балки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пурсон мешуданд. Ба истиснои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак (вокуниш бо имзои Дилшод Асозода-муовини аввали раиси шаҳри Норак дар шумораи №146-147, аз 01.08.2019 ба нашр расидааст) ҳеҷ як мақомоти дигар вокуниш ирсол накардаанд.
«ФАЙЗОБОД. ЧАНД МУШКИЛИИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ»
Мақолаи «Файзобод. Чанд мушкилии як муассисаи таълимӣ», ки рӯзи 7-уми юни соли 2019 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мунташир шудааст, муаллифаш Зикрулло Раҷаб мебошад.
Муаллиф дар мақола ҳолати ногувори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзободро бозгӯ мекунад. Маврид ба ёдоварист, ки сохтмон, таъмиру тармим ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бар зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд ва шарикони рушд таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимиро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монад. 
З.Раҷаб зимни таҳияи макола бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳамсуҳбат шуда, ба суолҳои худ посух гирифтааст. Аз ҷумла, Ф.Наҷмиддинов-мудири шуъбаи маориф зикр кардааст, ки «Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Итиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби №41 ба нақша гирифта шудааст. Рӯзҳои наздик сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, толори варзиш, синфхонаи компютерӣ ва китобхона шурӯъ хоҳад шуд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин мушкилиро бартарф кунем».
Аслан, масъалаи таъмиру тармим ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ бори аввал нест, ки дар саҳифаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва умуман, ВАО инъикос мешавад. Вазорати маориф ва илм борҳо зимни таҳияи вокунишу изҳороти худ таъкид намудааст, ки масъули таъмиру тармим, сохтмон ва умуман, маблағгузори муассисаҳои таълимӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия мебошанд. Аз чӣ бошад, ки боре ба назар намерасад, ки масъулини рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз роҳбарияти ин ё он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вокуниш талаб намоянд. 
«ФОҶИА Ё САБАБҲОИ ЯК МУНОҚИШАИ ХУНИНРО ДАР ЧӢ БОЯД ҶУСТ»
Мақолаи «Фоҷиа ё сабабҳои як муноқишаи хунинро дар чӣ бояд ҷуст?» («Ҷумҳурият», 11.06.2019) ба қалами журналист Сафаргул Алимова дохл дошта, ба мавзӯи бисёр муҳим ва дархури замон-тарбияи насли наврас бахшида шудааст.
Дар он сухан дар атрофи муноқишаи наврасон ва ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки пайомади нохуш дошт, меравад. Мақола аслан ба таваҷҷуҳи волидайн нигаронида шудааст ва муаллиф дар он волидайнро ҳушдор додааст, ки нисбат ба тарбияи фарзанд бетараф набошанд. С.Алимова зимни таҳияи мақола бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ҳамсуҳбат шуда, фикру андешаи эшонро овардааст. Инчунин, аз натиҷаи рейдҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғони ВКД, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм доир мегарданд, оморҳои расмиро истифода намудааст. Зимни таҳлилҳои бомаврид журналист дуруст ишора мекунад, ки тамоми ҳодисаҳои байни ноболиғон рухдода ин аз хунукназарии волидон нисбат ба фарзандон баъди соатҳои дарсӣ мебошад.
Инчунин, дар мақола  Файзиддин Назаров-сардори шуъбаи ноболиғони хадамот зикр намудааст, ки “тибқи таҳлили натиҷаи рейдҳо аксари ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда, пеш аз ҳама, ба бепарвоии волидон нисбат ба тарбияи фарзандон, ҳамчунин ба омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, костагии ахлоқ, пошхӯрии оилаҳо, муҳоҷирати корӣ ва ғайра рабт дорад», ки ин воқеияти маҳз аст. 
Ҳарчанд муаллиф С.Алимова дар мақола ба тамоми саволҳои худ аз волидон посухҳоро интизор аст на аз Вазорати маориф ва илм, бо вуҷуди ин, иттилоъ медиҳем, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин гуна ҳодисаҳои нохуш Вазорати маориф ва илм дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату кумитаҳо ва равоншиносон, инчунин тавассути соатҳои тарбиявӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.  
«САНОАТ. СОҲАЕ, КИ БА МУТАХАССИСОНИ ВОҚЕӢ НИЁЗ ДОРАД»
Зумрат Ғайбуллоева-устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар мақолаи «Саноат. Соҳае, ки ба мутахассисони воқеӣ ниёз дорад» («Ҷумҳурият», 11.06.2019) доир ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи саноат фикру андешаҳои худро иброз намуда, аз ҷумла зикр кардааст, ки дар самти мазкур месазад, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода кард.
Илова ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки муаллиф дар мақола зикр кардааст, ҳамагон хуб медонанд, ки айни ҳол дар қаламрави кишвар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла 56 литсейи касбии техникӣ ва 7 литсейи касбии саноати кишоварзӣ фаъолият намуда, мутахассисони касбҳои коргариро аз рӯйи 14 самт ва 97 ихтисос омода менамоянд. 
Яъне, вобаста ба талаботи бозори меҳнат дар доираи имконоту шароити мавҷуда Вазорати маориф ва илм дар самти тайёр намудани мутахассисон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Аммо дар ин самт, дигар вазорату кумитаҳо ва корхонаҳои саноатиро низ мебояд, ки бетараф набошанд ва ҷиҳати рушди саноати кишвар дар самти тайёр намудани мутахассисони варзида саҳми назаррас гузоранд. 
Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки “дар ташкили пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳҳо дар баробари саҳми буҷети мамлакат корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда низ бояд саҳм гиранд. Тайёр кардани мутахассис барномаи мушаххаси мақсаднок аст, яъне мутахассисон бояд барои ташкилоту корхонаҳо омода карда шаванд, на барои ба даст овардани диплом. Барномаи мақсаднок имкон медиҳад, ки мутахассиси дар донишгоҳ таълимгирифта дар истеҳсолот мавқеъ ёбаду донишу малакаи гирифтаашро барои равнақи иқтисодиёт истифода барад. Тайёр намудани мутахассисон бо пули корхонаҳо таҷрибаи босамару озмудашудаи ҷаҳонист. Дар мамлакатҳои пешрафта барномаҳои махсуси дастгирии ҷавонони болаёқат дар касбомӯзӣ яке аз роҳҳои асосии омодасозии мутахассисони касбианд...”. Ин андешаҳои муаллиф қобили қабуланд ва хуб мебуд, агар роҳбарияти корхонаҳои саноатӣ низ сари ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд.
“МТМУ №55. МАСЪУЛОН БА ВАЪДА ВАФО НАКАРДАНД”
Дар мақолаи “МТМУ №55 Масъулон ба ваъда вафо накарданд”, ки рӯзи 11-уми июли соли 2019 мунташир шудааст, муаллиф Кароматлло Ато доир ба норасоии ҷойи нишаст ва вазъи таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и  деҳаи Нишони Ленини деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ фикру андешаи худ ва омӯзгорони муассисаро баён намудааст. 
Дар ҳаққиқат, мушилотии ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии мазкур ҷой дорад, зеро дар давоми ду соли охир аҳолии ин минтақа ба якборагӣ зиёд шуд. Аммо тавре борҳо ишора кардему болотар ҳам гуфтем, сохтмон, тармим ва азнавсозии биноҳои таълимию маъмурӣ ба души мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад. Вазорати маориф ва илм танҳо ба хотири дастгирӣ намудан ва ҳарчи зудтар аз байн бурдани мушкилии ҷойҳои нишасти муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикони рушд ва соҳибкорони ватанӣ биноҳоии нави замонавӣ сохта ба истифода медиҳад.
Бо вуҷуди ин, ба маълумоти муаллифи мақола мерасонем, ки сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 бо дастгирии Фонди Қувайтии Рушд ва соҳибкорони ватанӣ ба нақша гирифта шудааст ва бо оғоз ёфтани корҳои сохтмонии фонди мазкур сохтмони МТМУ №55 низ шуруъ мешавад.
“ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА”
Ассистенти кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Азамат Давлатов дар мақолаи “Таҳсилоти фосилавӣ. Чанд паҳлуи як проблема” («Ҷумҳурият», №133, аз 15.07.2019) доир ба ҷорӣ гардидани низоми таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фикру андешаҳои созандаи худро иброз доштааст. Яъне, омӯзгор аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат баҳри боз ҳам дастрас ва ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ баробар намудани раванди донишомӯзӣ истиқбол намудааст. 
“Мақсади асосии амалигардонӣ ва рушди таҳсилоти фосилавӣ ба шаҳрвандон дар ҳама гӯшаю канори кишвар ва хориҷ аз он пешниҳод намудани шароити таълими пешрафта, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот аз ҳисоби истифодаи иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳҳо, академикҳо, донишкадаҳо, марказҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии мутахассисон мебошад. Таҳсилоти фосилавӣ ба тамоми шахсон, новобаста аз маҳали ҷойгиршавии онҳо, барои гирифтани таҳсили босифат ва дар айни замон нисбат ба таҳсилоти анъанавӣ бо  хароҷоти нисбатан кам имкон фароҳам меорад. Дар заминаи афзалиятҳои ёдшуда, низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон зарур ва талаби замон аст”,-мегӯяд муаллифи мақола А.Давлатов. 
Ба таваҷҷуҳи масъулини рӯзнома мерасонем, ки раванди гузариш аз низоми таҳсилоти ғоибона ба низоми таҳсилоти фосилавӣ зери таваҷҷуҳи доимии Вазорати маориф ва илм қарор дорад ва маҳз бо дастури бевоситаи вазорат дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ технологияи муосир харидорӣ ва базаи моддию техникӣ мустаҳкам гардида истодааст. 
Назари муаллиф дар мақола нек аст, аммо масъулини рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Вазорати маориф ва илм чӣ гуна вокунишро интизоранд, ки суолест барои мо беҷавоб. 
«ТАЪЛИМИ МУСИҚИРО АНДАК ПИНДОШТЕД?»
Мақолаи «Таълими мусиқиро андак пиндоштед?» («Ҷумҳурият», №225, аз 17.07.2019) ба қалами муаллифон Ҷӯрахон Обидпур ва Абубакр Зубайдӣ тааллуқ дошта, доир ба вазъи муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва раванди тадриси фанни суруд дар чанде аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ андешаронӣ шудааст. Нахуст, бояд гуфт, ки масъулини рӯзномаи “Ҷумҳурият” мебоист ба ин мақола аз Вазорати фарҳанг вокуниш талаб мекарданд, зеро дар ҷумҳурӣ муассисаҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи Партов Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе ба номи Мирзораҳмат Олимов, Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова дар сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 
Он андешаи муаллифон, ки ба таълими фанни суруд ва мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дахл дорад, қобили қабуланд. Воқеан, дар самти таълиму тадриси фанни мазкур як қатор камбудиҳо ҷой доранд, ки ин пеш аз ҳама, ба набудани асбобу анҷоми мусиқӣ рабт мегирад. Аммо, ба таваҷҷуҳи муаллифон мерасонем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул шудааст, ки тибқи он бояд 380 кабинети фанни суруд ва мусиқи бо асбоби зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад. Яъне, тибқи нишондоди Барномаи мазкур як кабинети фанни суруд ва мусикӣ (синфҳои 1-6) (бо дарназардошти то 30 нафар хонанда) аз таҷҳизот ва асбобҳои фортепеано, скрипка, аккордеон, думбра, рубоб, чанг, тор, доира, таблак, ғиҷҷак, най, кларнет, контрабас, дутор, виоленчел, нақора, синтезатор, баландгӯяк, маркази мусиқӣ, ямаха, нотаҳои омӯзиши асбобҳои мусиқӣ (барои ҳар асбоб дар алоҳидагӣ) , аёниятҳои мусиқӣ ва флейта иборат буда, дар сурати аз ҷониби мақомотҳои иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пурра иҷро гардидани нишондиҳандаҳои Барнома проблемаву мушкилот дар самти ҷойдошта бартараф мегарданд. 
ВА ОХИР...
Аз таҳлили чанд мақолаи боло баръало ба назар мерасад, ки на ҳамеша сарлавҳаи мақола ба мазмуну муҳтавои он мувофиқат менамояд. Борҳо гуфтем ва такроран ҳам мегӯем, ки боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ҷомеаи журналистон нисбат ба соҳаи маориф бетараф набуда, дар ҳама ҳолат бурду бохти соҳаро рӯйи саҳифа меоранд ва бархе барои ислоҳи кор роҳи дурустро нишон додаву тавсияҳои қобили қабул пешниҳод менамоянд ва бархеи дигар аз шеваи кор интиқод мегиранд.  Вазорати маориф ва илм низ бо ҳамагуна васоити ахбор пайваста дар ҳамкорӣ буда, нуқтаи назари эшонро дар фаъолияти рӯзмарраи худ мавриди истифода қарор медиҳад. Ва боз ҳам такроран мегӯем, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша интизори маслиҳатҳои оқилона ва андешаҳои тоза буда, интиқоди воқеиро қабул дорад, вале тоби хулоса, пешниҳодҳои беасос ва мақолаҳое, ки ба ҷуз ҳангома сохтан миёни ҷомеа ва доғ овардан ба ин ё он ниҳод чизи дигар нест, надорад. 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон