ҶАВОБ БА НИГОШТАИ ФАЙЗИМО АЛИЕВА, ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР, КИ БО НОМИ “ЧАРО МАРО БА МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ШОМИЛ НАМЕКУНАНД?” ДАР САҲИФАИ 12-И ШУМОРАИ №25 (707) ҲАФТАНОМАИ “ТОҶИКИСТОН” АЗ 17.06.2020 БА НАШР РАСИДААСТ.

23-12-2020
Мувофиқи моддаи 38-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки омӯзгорон ва дигар кормандони худро ба дарёфти мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ пешбарӣ намоянд. Дар сурати пешниҳод нашудани ному насаби кормандон - довталабон онҳо наметавонанд мукофоти мазкурро соҳиб шаванд. Вале дар баробар ин, кормандони муассисаҳои таълимӣ метавонанд ба таври инфиродӣ барои дарёфти мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ ба мақоми ваколадор дар соҳаи маориф ва илм – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз он ҷумла маълумот дар бораи фаъолияти арзанда ва дастовардҳои соҳавӣ муроҷиат намоянд.
Тибқи иттилои раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзимо Алиева қаблан ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти мукофоти давлатӣ пешниҳод кардааст, вале дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии фаъолияти ӯ аъзои комиссияи пешбарӣ ба мукофоти давлатӣ ба хулосае омадаанд, ки дастовардҳои омӯзгор Файзимо Алиева барои сазовор дониста шудан ба мукофоти давлатӣ дар соҳаи маориф кофӣ нест. 
Аз ин рӯ, ба шаҳрванд Файзимо Алиева лозим аст, ки фаъолияти худро дар самти таълиму тарбия бештар равнақ бахшад, то бо талаботи ҷорӣ барои дарёфти мукофоти давлатӣ ва соҳавӣ созгор бошад. Дар сурати мувофиқ омадани фаъолият ва дастовардҳои Файзимо Алиева бо талаботи қонунгузорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонидани номбурдаро баррасӣ хоҳад кард.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон