Ҷавоб ба навиштаи рӯзномаи “Садои мардум” зери унвони “Шаҳринав. 322 омӯзгор тарки пеша карданд”-и Ёқуби Содиқ

28-03-2022
Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав аз ҳамкориҳои судманд бо васоити  ахбори омма, хусусан, рӯзномаи “Садои мардум” қаноатманд буда, ҷиҳати инъикоси воқеъбинона  ва  муаррифии дастовардҳои соҳа  ба роҳбарият  ва  ҳайати эҷодии  он изҳори сипос  менамояд.
Ҳамзамон, вобаста  ба  матлаби  нашрнамудаи Ёқуби Содиқ “Шаҳринав. 322 омӯзгор тарки пеша карданд” иттилоъ медиҳем, ки  мақолаи мазкур дар ҷаласаи назди  мудири  шуъбаи маориф ва Шӯрои  шуъбаи маориф мавриди  таҳлилу  баррасӣ қарор дода  шуд. 
Мавриди  зикр аст, ки дар давраи  таътили  тобистона муваққатан  ба  муҳоҷирати  меҳнатӣ  рафтани  омӯзгорон як раванди  воқеъӣ буда, он бештар  дар  анҷоми соли таҳсил  ба мушоҳида  расида,  дар  оғози соли  таҳсили  нав ин мушкилот  бартараф  мегардад.  Омори истифоданамудаи  муаллифи мақола, ки  322 нафарро  ташкил  медиҳад, ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021 рост меояд ва  ин мушкилот бо назардошти  захираҳои кадрии соҳа дар ноҳия дар оғози соли таҳсили  2021-2022 бартараф шудааст.
Дар соли таҳсили  нав бо роҳхати Вазорати маориф  ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 нафар,  аз ҳисоби хатмкардагони макотиби олии омӯзгорӣ 131 нафар, аз ҳисоби омӯзгорони  ба соҳаи омӯзгорӣ  баргашта 16 нафар ва аз ҳисоби  баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ 18 нафар, дар маҷмуъ 198 нафар мутахассис дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор таъмин гардида, эҳтиёҷоти кадрӣ барои 12 нафар  ҷой  дораду  халос.
Ин чораҳои андешидашуда ва тадбирҳои иловагӣ, ки  ба роҳ монда  шудааст, масъалаи  норасоии омӯзгоронро дар муассисаҳои  таълимии ноҳия пайваста коҳиш медиҳад. Аммо ҳамасола ба  назар расидани эҳтиёҷоти кадрӣ амри воқеӣ буда,  дар раванди таълим бо  назардошти фавт, расидан  ба  синни ниҳоии нафақа, рухсатии ҳомиладорӣ, рухсатии  дарозмуддати  нигоҳубини кӯдак, тағйири касб,  муваққатан дар  давраи  таътили  тобистона ба муҳоҷирати  меҳнатӣ рафтан  ва  чанде  дигар  омилҳо ба миён  меояд, ки  аз ҳисоби хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои  таҳсилоти касбии  кишвар  дар  соли  нави  таҳсил  бартараф  карда  мешавад. 
Қайд кардан ба маврид  аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  ҷиҳати  рушди соҳаи маориф бо ҷалби соҳибкорон ва ашхоси  саховатманди маҳаллӣ пайваста  эътибори ҷиддӣ равона  намудааст. Ин аст, ки дар давоми  ду-се соли охир бинои 15 муассисаи  таълимӣ куллан азнавсозӣ гардида,  се мактаби  нав ташкил карда  шуд. Айни ҳол дар миқёси ноҳия 8 муассисаи  таҳсилоти ибтидоӣ, 10 муассисаи  таҳсилоти умумии асосӣ, 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 2 литсейи  хусусӣ, 1 литсейи касбӣ-техникӣ, 1 мактаб-осоишгоҳ фаъолият менамояд, ки  дар онҳо 1550 нафар  омӯзгорон  ба  таълиму  тарбияи насли  наврас машғуланд. Ҳамчунин, рӯзҳои  наздик барои  620 нафар хонандаи лаёқатманд бинои литсейи замонавӣ мавриди  баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. 
Ҷиҳати ҳавасманд  намудан ва  баланд бардоштани сатҳи  зиндагӣ ва руҳияи омӯзгорон дар давоми се  соли  охир  42 нафар  бо замини  наздиҳавлигӣ  таъмин гардида, танҳо дар соли  2021  14 нафар бо нишони “Аълочии  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 3 нафар бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардида, дараҷаи тахассусии 138 нафар  омӯзгор баланд бардошта  шуд. 
Ҳамзамон, 56 нафар  омӯзгоре, ки  дар  озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм- фурӯғи маърифат”  ғолибият  ба  даст овардаанд, ё худ шогирдонашон  ҷойҳои  намоёнро ишғол кардаанд, аз тарафи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  бо мукофотпулӣ ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида  шуданд.  69 нафар омӯзгор аз имтиёзҳои барояшон муқарраргардида, аз қабили гирифтани қарзи имтиёзнок бархурдор гардиданд. 
Ҳамин тавр, шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав минбаъд низ баҳри бо кадрҳои  баландихтисоси соҳаи  омӯзгорӣ ба  пуррагӣ таъмин будани таълимгоҳҳои ноҳия аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок  истифода  менамояд. 
 
М.Шарипова-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав