ҶАВОБ БА МАҚОЛАИ САРВИНОЗИ РУҲУЛЛОҲ, КИ ЗЕРИ УНВОНИ “ТАЪХИР ДАР ПАРДОХТИ МУЗД ГУРӮҲЕ АЗ ОМӮЗГОРОНИ ТОҶИКРО НИГАРОН КАРДААСТ” АЗ 10.06.2022 ДАР “РАДИОИ ОЗОДӢ” НАШР ШУДААСТ

10-06-2022
10-уми июни соли ҷорӣ дар “Радиои Озодӣ” мақолаи Сарвинози Руҳуллоҳ, ки зери унвони “Таъхир дар пардохти музд гурӯҳе аз омӯзгорони тоҷикро нигарон кардааст”, нашр гардид. Бо мақсади муайян намудани далелҳои дарҷгардида аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи мазкур мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуд. 
Аз натиҷаи омӯзиши ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ дар соли таҳсили 2020-2021 маълум гардид, ки аризаи шикоятӣ асоси воқеӣ надорад. Яъне, тибқи ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тамоми омӯзгорони муассиса музди маоши худро дастрас намудаанд.
Тавре дар худи мақола Нурулло Маҳмадуллозода-муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ қайд намудааст, бо сабаби дар як вақт ба рухсатӣ баромадани тамоми коллективи омӯзгорӣ, корфармо метавонад бо розигии тарафайн музди рухсатиро давра ба давра пардохт намояд.
Дар пардохти рухсатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Шаҳринав низ айнан ҳамин ҳолат рух додааст ва музди рухсатӣ давра ба давра пардохт гардидааст (вобаста ба пардохти музди рухсатии омӯзгорон варақаи пардохт ба шакли хаттӣ ва электронӣ дар моҳи июн ва июл мавҷуд аст).
Ғайр аз ин, дар мақола гуфта шудааст, ки дар муассиса 30 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд, аммо мувофиқи тарификатсияи тасдиқгардидаи соли таҳсил дар муассиса 43 нафар омӯзгорон фаъолият намудаанд. Ҳамчунин, дар муассиса дар соли таҳсили 2020-2021 659 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Сари вақт пардохт гардидани музди маоши омӯзгорон зери назорати доимии роҳбарияти Вазорати маориф ва илм қарор дошта, ҷиҳати сари вақт пардохт гардидани он пайваста ба мақомотҳои дахлдор – Вазорати молия, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо мактубҳои дархостӣ ирсол карда мешавад.