Ҷавоб ба мақолаи “Мактаб дар қабристон. Деҳаи Косатарош кай соҳиби бинои мактаб мешавад?” (“Тоҷикистон” аз 07.09.2022, №36 (1495)

16-09-2022
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Мактаб дар қабристон. Деҳаи Косатарош кай соҳиби бинои мактаб мешавад?”, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз 07.09.2022, №36 (1495) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод ва иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумотҳои дастрасгардида масъалаи мазкур таҳти назорати мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дошта, ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замин корбарӣ идома дорад. 
Бинобар ин, пас аз ҷудо шудани қитъаи замин ва ба танзим даровардани ҳуҷҷатгузории он, ҷиҳати бунёди бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Косатарош дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва дигар ташкилоту идораҳои марбута тадбирандешӣ хоҳад шуд.  
Мавриди зикр аст, ки сохтмони муассисаи таълимии мазкур тибқи банди 295 Нақшаи чорабиниҳо дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2022, №305) ба уҳдаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вогузор карда шудааст.  
Вазорати маориф ва илм низ дар навбати худ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент пайваста чорандешӣ менамояд.
 
 
                                                                                       Маркази матбуотии
                                                                                  Вазорати маориф ва илми
                                                                                      Ҷумҳурии Тоҷикистон