Ҷавоб ба мақолаи «Ховарон: аҳолӣ зиёду мактаб нест!» («СССР», аз 23.12.2021, №51)

30-12-2021
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Ховарон: аҳолӣ зиёду мактаб нест!» («СССР», аз 23.12.2021, №51)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар иншоот чиндани деворҳо аз хишти пухта дар ошёнаи дуюм идома дошта, идомаи сохтмон ба нақшаи соли 2022 ворид карда шудааст.
Тибқи лоиҳа бинои муассисаи таълимӣ сеошёна ва панҷ блок тарҳрезӣ гардида, иншоот аз синфхонаҳои таълимӣ, таълими меҳнат, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корию ёрирасон, инчунин, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ иборат мебошад. 
Илова бар ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе (наздикии маҳаллаи Ховарон) сохтмони мактаби махсуси зеҳнӣ ба нақша гирифта шуда, дар иншоот корҳои сохмонӣ оғоз гардидааст.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон