Ҷавоб ба мақолаи “Фаъолияти 10 мактаб дар се баст. Чаро?” - и Машраби Аловиддин («Тоҷикистон», аз 24.08.2022, №34)

07-09-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи “Фаъолияти 10 мактаб дар се баст. Чаро?”, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз 24.08.2022, №34 (1493) нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор дод. Вазорат вобаста ба масъалаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар аввали соли 2022 дар вилояти Хатлон таҳсили 15 муассисаи таълимӣ дар се баст ба роҳ монда шуда буд.
Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, бо тариқи ҳашар ва бо ҷалби шахсони саховатпеша дар назди қисми зиёди муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта, айни замон бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ то охири соли равон муассисаҳои таълимӣ ба ҳолати дубаста баргардонида мешаванд. 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии 5 бинои шуъбаи маориф ва сохтмони 66 бинои муассисаи таълимӣ барои 15616 ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони қисми зиёди иншооти мазкур аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи "Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" оғоз гардида, тибқи нақша сохтмони иншооти боқимонда соли равон оғоз мегардад.
Бо мақсади идома бахшидани таъмини рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2021, №9870(26.5) Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки лоиҳаи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои минбаъдаро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.     
Дар ин замина, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он лоиҳаи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ирсол карда шуд. 
Вазорати маориф ва илм ҷиҳати аз таълими себаста баровардани муассисаҳои таълимӣ ва рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон пайваста чорандешӣ карда истодааст.
 
Маркази матбуотии
                                                                                  Вазорати маориф ва илми
                                                                                      Ҷумҳурии Тоҷикистон