Ҷавоб ба мақолаи «Аттестатсия: аз талаботи асосӣ то сарсонии муаллим» - и Лола Ризоӣ («Ҷумҳурият», аз 05.07.2021, №133) 

20-07-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Аттестатсия: аз талаботи асосӣ то сарсонии муаллим» - и Лола Ризоӣ («Ҷумҳурият», аз 05.07.2021, №133) - ро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ин  гуна муносибат ва таваҷҷуҳи пайгиронаи идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба масъалаҳои умдаи соҳаи маориф аз он далолт мекунад, ки “Ҷумҳурият” ва рӯзноманигорони он ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус дошта, нисбат ба ин соҳаи тақдирсоз бетараф нестанд ва хеле хуб дарк кардаанд, ки рушди устувори кишвар, пеш аз ҳама, ба мактабу омӯзгор ва сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ҷавон сахт вобастагӣ дорад. 
Сарфи назар аз он ки мақолаи мазкур то як андоза шогирдонаву бе далелҳои муътамад эҷод шуда бошад ҳам, аз ҷониби дигар, дар он дилсӯзиву ғамхорӣ ба омӯзгор ва бетараф набудани муаллиф ба рушди соҳаи маориф баръало эҳсос мешавад.  
Тавре ишора шуд,  дар мақола ягон далелу арқоми муътамаду мушаххас, ки дурустиву асоснокии андешаҳои ироакардаи муаллифро собит созанд, пешниҳод нашуда, танҳо назари муаллиф дар бисёр ҳолатҳо ба таври пароканда ва баҳсангезу ихтилофнок манзур шудааст, ки хоси рӯзномаи собиқадору бонуфузи “Ҷумҳурият” набуда, шояд аз камтаҷрибагии муаллифи мақола рух дода бошад.  
Новобаста аз ин, муҳим он аст, ки дар воқеъ рӯзномаи “Ҷумҳурият” масъалаи муҳимеро оид ба ташкил ва баргузории аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ матраҳ кардааст. Зеро оид ба талабот ва шартҳои аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, махсусан, нисбати яке аз шартҳои аттестатсия - доштани мақолаҳо, баъзан сару садоҳо ба гӯш мерасанд ва зарур аст, ки масъала ҷиддӣ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, нуқсу камбудии мавҷуда саривақт бартараф карда шаванд. 
Дар идома мехоҳем оид ба андешаҳои муаллифи мақолаи “Аттестатсия. Аз талаботи асосӣ то сарсонии муаллим” нисбат ба он ки “... дар кадом асос нашри мақола дар матбуоти даврӣ аз омӯзгор чун меъёри ҳатмӣ талаб мешавад?” изҳори назар  намоем. Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари талаботи нашри мақола боз 24 номгӯй талаботи дигарро муқаррар кардааст, ки ҳангоми аз аттестатсия гузаштан аз омӯзгорон тақозо карда мешавад. Яъне, нашри мақола талаботи ягонаи ҳатмӣ набуда, яке аз шартҳои аттестатсия аст ва ба он ҳеҷ гоҳ бартарии махсус дода намешавад. Агар омӯзгор мақолаҳои методӣ таҳия ва нашр карда бошад, дар ҷамъбасти шартҳои аттестатсия холи бештар мегирад ва ин маънои онро дорад, ки имтиёзи ӯ барои гирифтани дараҷаи баландтари тахассусӣ зиёдтар мешавад.
Дар иртибот ба ин ваҷҳи муаллифи мақола таъкид карданием, ки иддаои он кас оид ба он ки “... дар кадом асос нашри мақола дар матбуоти даврӣ аз омӯзгор чун меъёри ҳатмӣ талаб мешавад?” шояд ягон асоси воқеӣ надорад, зеро муаллиф танҳо назари хешро оид ба ин масъала баён карда, ягон далелу арқомеро барои исботи ин андешаи хеш ироа накардаанд. Бисёр хуб мешуд, агар ному насаб ва андешаҳои 2-3 нафар омӯзгоронеро, ки дар воқеъ зимни аз аттестатсия гузаштан дар назди онҳо ин гуна талабот гузошта шуда будааст ё ба онҳо бинобар сабаби надоштани мақола дараҷаи баландтари тахассусӣ надодаанд ё бо ин сабаб дараҷаи тахассусии онҳоро паст карда бошанд, чун далели раднопазир ироа мекарданд. Дар ин ҳол андешаҳои муаллиф сурати воқеӣ ба худ касб карда, муътамаду асоснок ва раднопазир мешуданд.
Ҳамин гуна муносибати муаллиф ба пешниҳоди мавод аз оғоз то ба охири мақола идома ёфта, андешаҳои бешумори бедалел, мисле ки дар миёни мардум баъзан бо шӯхӣ мегӯянд “фалони фалон гапро гуфт” манзур шудаанд. Масалан, муаллифи мақола таъкидан дар чанд маврид баён сохтааст, ки “... Мутолиаи мақолаҳои омӯзгорон дар рӯзномаҳои даврӣ  нишон медиҳад,   ки  аз  99-тои он ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ нестанд.”, “... Чунки бо пешниҳод намудани чунин ба ном “мақолаҳо” то имрӯз қисме аз омӯзгорон аз аттестатсия гузашта, соҳиби дараҷаҳои баланд гардиданд.”, “Барои ин аксари омӯзгорон аз баҳри ҳама кор гузашта, дар ҷустуҷӯи шахсе шаванд, то вай ба ҷояш мақола навишта, онро ҷое чоп намояд...”, ё “... Дар айни ҳол баъзан омӯзгори ҷавон бо навиштани 2-3 мақола соҳиби категорияи баланд мегардад...” ва ғайра. 
Дар назари аввал хеле андешаву фикрҳои олиҷаноб, аммо бебуҳрону бештар шабоҳат ба овоза дошта. Бисёр хуб мешуд, аз ҳамон “... 99-то мақолаҳои ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ набуда” муаллифи муҳтарам лоақал як ё ду мисоли мушаххас оварда собит месохт, ки муаллифи он мақолаҳо кадом омӯзгоронанд ва ин мақолаҳо ба кадом меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ нестанд, ё ному насаби 2-3 нафар омӯзгоронеро, ки “... бо пешниҳод намудани чунин ба ном “мақолаҳо” то имрӯз ... аз аттестатсия гузашта, соҳиби дараҷаҳои баланд гардиданд”, номбар мекарданд ё ному насаби 1-2 нафар омӯзгоронро, ки “... аз баҳри ҳама кор гузашта, дар ҷустуҷӯи шахсе ...” шудаанд, то “... вай ба ҷояш мақола навишта, онро ҷое чоп намояд...” ва ё ному насаби 2-3 нафар омӯзгорони  бо навиштани 2-3 мақола соҳиби категорияи баланд ...” гаштаро  дар мақола чун далел ироа мекард. 
Мутаассифона, ба ин минвол аз ибтидо то ба анҷоми мақола ҳатто як далели мушаххас манзур нашудааст, ки асоснокиву дурустии ваҷҳҳои баённамудаи муаллифи мақоларо собит созад. 
Новобаста аз ин, муаллиф хеле заҳмат кашидаву таҳқиқ кардааст ва иштибоҳ шояд дар он бошад, ки масъулину мутасаддиёни нашр аснои таҳриру омодасозии мақола ба чоп рӯзноманигори ҷавонро ҳидоят ва роҳнамоӣ накардаанд, ба ӯ нагуфтаанд, ки лоақал ҳатман як ё 2 далел пешниҳод кун, то ки эътимоднокӣ ва асоснокии мақолаат маълум ва собит шавад.
Дар иртибот ба иддаоҳои муаллифи мақола оид ба талаботи аз ҳама асосии аттестатсияи омӯзгорон будани шарти нашри мақолаҳо изҳор карданием, ки шояд дар ягон муассисаи таълимӣ комиссияи аттестатсионӣ ин гуна талаботро ҳангоми баргузории аттестатсия аз омӯзгорон талаб карда бошад, вале, мутаассифона, на мо ва на муаллифи мақола ин гуна далелро дар даст надорем. Агар чунин мешуд, ҳатман ягон омӯзгор дар ин хусус ба вазорат муроҷиат мекард. Вобаста ба ин таъкид менамоем, ки агар ягон комиссияи аттестатсионӣ чунин талабро дар назди омӯзгорон гузошта бошад, рафтори ғайриқонунӣ анҷом додааст, зеро навиштану чопи мақола талаботи ягонаву асосии аттестатсия маҳсуб намеёбад.      
Дар  иртибот ба мулоҳизаву андешаҳои дар мақола ироашуда маълум менамоем ва муаллифи муҳтарам низ бояд донанд, ки шарти навиштани мақола на танҳо талаботи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он, пеш аз ҳама, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” маҳсуб меёбад. Зеро сархати 16-и банди 1-и моддаи 51-и қонуни мазкур ӯҳдадориҳо ва масъулияти омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро дар ин самт ба таври зайл муқаррар кардааст: 
“– омӯзгорон дар раванди фаъолияти худ аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ба таълифи мақолаҳои илмӣ, назариявӣ ва методӣ ҷиддӣ муносибат намоянд;”.
Аз ин муқаррароти санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи маориф бар меояд, ки омӯзгорон уҳдадор ва масъуланд, ки дар баробари донистани куррикулум, доштани салоҳият ва арзишҳои касбӣ, машғул шудан ба кори таълиму тарбия, худтакмидиҳӣ, ташкилотчигиву ташаббускорӣ ва ғ. боз мақолаҳои илмиву методӣ таълиф ва чоп кунанд.  
Бо дарназардошти амалисозии ин талаботи  Қонун дар сархати 2-и банди 23-и Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шартҳои дигар шарти таълифи мақолаҳои методӣ ба тари зайл татбиқи худро ёфтааст:  
“- татбиқи донишу таҷриба дар вазифаи ишғолнамуда, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ (маърӯза дар конфронсу семинарҳо, мақолаҳои методӣ, иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо);”.
Далелҳои дар боло ироашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки шарти аттестатсияи омӯзгорон оид ба таълифу нашри мақолаҳои методӣ бофтаву эҷодкардаи ягон нафар аз масъулин набуда, шарти ягонаву асосӣ ва ҳатмии аз аттестатсия гузаштани омӯзгорон маҳсуб намеёбад ва қурбу вазни он, масалан, бо маърӯза дар конфронсу семинарҳо ва иштироки шогирдон дар олимпиадаҳо баробару яксон аст.  
Вобаста ба ин, бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ва корбурдҳои мухталифи талаботи аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон оид ба нашри мақолаҳо вазорат чораҷӯӣ карда, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Тартиби аттестасияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия кардааст, ки тибқи муқаррарот дар мувофиқаи вазорату мақомоти дигари дахлдор қарор дорад.
Умедворем, ки пас аз қабули лоиҳаи қарори мазкур талаботи навиштани мақола аз ҷониби омӯзгорон дақиқ мушаххас шуда, ба меъёри ҳавасмандсозандаву имтиёздиҳанда мубадал ва гуногунфаҳмиву корбурдҳои мухталифи шартҳои аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон куллан аз миён хоҳанд рафт. 
 
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон