Ҷавоб  ба мақолаи Ҳамрозода Бурӣ Сармад, иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

19-02-2021
 
Ҷавоб  ба мақолаи Ҳамрозода Бурӣ Сармад, иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо номи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. 4 пешниҳоди 1 иштирокчӣ” дар саҳифаи 3-и шумораи №1 (24108) нашрияи “Ҷумҳурият” аз 2-уми январи соли 2021  ба нашр расидааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллифи сатрҳо барои пешниҳодҳои созанда ва ибрози андеша изҳори сипоос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки пешниҳодоти мазкур дар рафти таҳияи Низомномаи озмун дар таҳрири нав ба эътибор гирифта мешавад. 
Вобаста ба пешниҳоди 4-уми муаллиф, ки дар сатҳи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил намудани озмуни дигаре бо номи “ИСТЕЪДОДҲОИ НОДИР ВА ФАВҚУЛОДА” мебошад, ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки аллакай аз 26.11.2020 бо қарори Ҳукумати кишвар таҳти №621 барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд ҳамасола барои дарёфти ин ҷоиза миёни довталабон озмун баргузор мегардад. Ҷоизаи мазкур дорои 20 000 сомонӣ маблағ буда, барои дастгирии навоварон, олимону ихтироъкорони соҳаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нигаронида шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ ва ихтирооти онҳо кӯмаки арзандае хоҳад буд.
Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2011 “Навовари беҳтарин” таъсис дода шудааст, ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо роҳи ҳавасмандкунонии олимони ҷавон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа шумораи бештари ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмию инноватсионӣ ҷалб карда шаванд, сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ беҳтар гардад. Дар озмун кормандони илмию омӯзгорӣ, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва илмии соҳаи маориф, ки синни то 35-сола доранд ва муаллифони ихтироот, навоварӣ ва фаъолияти дигари инноватсионӣ буда, барои амалӣ кардани онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муаллифӣ доранд ё намунаи навоварию ихтироотро намоиш додаанд, иштирок карда метавонанд. 
Албатта, бояд иқрор шуд, ки озмуни “Навовари беҳтарин” ба андозаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” равнақ наёфтааст ва умед аст, ки бо эълон гардидани озмуни нав аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зери унвони “Илм-фурӯғи маърифат” пешниҳоди 4-уми муаллиф низ дар амал пиёда мегардад ва истеъдодҳои нав муаррифӣ мегарданд. 
Ҳамчунин, ташаббусҳои ахири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, Вазорати маориф ва илм маҳз барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаҳо дар кишвар мебошад, ки ташкилу таъсиси озмунҳои болозикр аз ҷумлаи ин тадбирҳост.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон