АНДЕШАҲО ҚОБИЛИ ДАСТГИРИАНД Ҷавоб ба мақолаи «МММ. Андешаҳое, ки бояд гуфт!», ки рӯзи 10-уми апрели соли 2019 №68 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯи чоп омадааст.

10-06-2019
Дар мақолаи мазкур гурӯҳи ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон аз он нигаронӣ намудаанд, ки солҳои охир дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шумораи донишҷӯёне, ки бо хоҳиш худ ба муассисаҳо дохил шудаанду маҳорати ҳунармандӣ ва эҷодӣ доранд, ками дар кам ба назар мерасад.
Муаллифон қайд мекунанд, ки «Аз 23 нафар дохилшудагон ба курси якуми шуъбаи санъати актёрӣ ҳамагӣ як нафар аз санҷиши пешакии устодони соҳа гузаштаасту халос. Аксарашон дорои овозҳои хираву ноҷӯр, қаду қомати номувофиқ ба соҳаву ҳунар буда, чанде дигар мактабҳои таҳсилоти умумиро ҳатто бо забонҳои ғайритоҷикӣ хатм намудаанд. Магар бе овоз ҳофизу бе ҳунар актёр шудан метавон?»
Ба дархости аҳли эҷод, ки «Дар имтиҳонҳои эҷоди иҷозаи расмии Вазорати маориф ва илми кишвар лозим аст, ки аз ибтидо то интиҳо ҳамаи ҳамаи имтиҳонҳои дохилшавӣ дар худи донишкада сурат бигирад», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳи хосаи Шумо, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар нигаронида шудааст, изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд. 
Ҳамзамон, иттилоъ медиҳем, ки вобаста ба ин, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, №81 “Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вуҷуд дорад, ки дар он омадааст, ки танҳо дар “Муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, муассисаи давлатии “Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов” ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат, бо назардошти хусусиятҳои махсуси соҳа ба тариқи анъанавӣ донишҷӯёнро қабул менамоянд”. Доир ба масъалаи мазкур  аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид гардида буд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон онро қобили дастгирӣ донист. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танҳо дар сурати ворид намудани тағйирот ба банди 2-юми қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, №81 “Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имконпазир аст, ки минбаъд имтиҳоноти қабул дар худи муассисаҳои дархостшуда роҳандозӣ гардад.
Э. Сафарзода – сардори  Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон