1 ПОСУХ БА 5 ПУРСИШ

06-07-2021
Ҷавоб ба саволҳои маъмури гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор» Раҷаби Мирзо
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандию журналистӣ ба фаъолияти соҳаи маориф ва илм миннатпазир аст ва ҳар иқдоми нек ва ташаббусу пешниҳодҳои ҷолиби эшонро дастгирӣ мекунад. Воқеан, боиси хушнудист, ки имрӯзҳо ин қишри ҷомеа нисбат ба проблемаву мушкилоти ин ё он соҳа бетараф набуда, мехоҳанд ба воситае таъсиргузор бошанд. Аммо, дар баробари ин, баъзан ба назар чунин мерасад, ки дар ин миён бархе нафарон дидаву дониста мавзӯеро дар ин ё он расона ба баррасии ҳамагон мегузоранд, ки ба ҷуз раҳдаргумӣ ва ба иштибоҳ андохтани хонанда чизе ба даст намеояд. 
Бояд иқрор шуд, ки тахминан як моҳ қабл маъмури гурӯҳи фейсбукии «Ахбор барои афкор», муҳтарам Раҷаби Мирзо бо панҷ пурсиш аз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки ҷиҳати иштироки хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ ё ба истилоҳ «маршировка» посух  диҳад. Чун шахсият ва донишу қобилияти хуби журналист Раҷаби Мирзо ба ҳамагон маълум аст,  интизорӣ доштем, ӯ бо истифода аз ин дарку фаҳмиши волои худ посухи он суолҳоро аз ниҳоди дигар ҷӯё мешавад. Зеро ӯ хуб медонад, ки дар ин гуна чорабиниҳо Вазорати маориф ва илм танҳо рисолатеро анҷом медиҳад, ки бо дархости ниҳоди ташкилкунандаи чорабинӣ теъдоди муайяни иштирокчиёнро таъмин месозад.
Аммо вақте муҳтарам Р.Мирзо гаштаву баргашта дар чанде аз навиштаҳо аз вазири маориф ва илм ҷавоби суолҳои худро пурсон шудан гирифт, зарур шуморидем, ки чанд нуктаро барояш тавзеҳ бидиҳем. Муроҷиат накардани мавсуф ба дигар ниҳод ва маҳз талаб кардани ҷавоб аз Вазорати маориф ва илм низ сабаб дорад, ки ҳамагӣ аз он огоҳанд.
Табиист, ки мавзӯи «маршировка» ду даҳсола боз ба яке аз мавзӯъҳои доғи расонаҳо ва имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст.
Истилои “маршировка” ин мафҳумест, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидааст ва он танҳо дар забони гуфтугӯӣ истифода мешавад. Конститутсияи кишвар мафҳуми “роҳпаймоии осоишта” ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ бошад, ибораи “ҷамъомадҳои осоишта”-ро пешбинӣ намудаанд. 
Аз оне ки қисмати зиёди ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ машғули дарсхонӣ мебошанд, хохишмандони иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ дар ин муассисаҳо ба тадриҷ зиёд мебошад. Аз ин рӯ, барои ба танзим даровардани иштироки онҳо дар чорабиниҳои оммавӣ қисмате аз муассиаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд. Уҳдадории  мазкури вазорат ва идораҳои давлатӣ аз талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд. Тибқи моддаи мазкур вазорату идораҳое, ки ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон машғул мебошанд, барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва идоракунии ин раванд масъул ва вазифадор ҳастанд.
Муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо асосан ҷавонон ҳастанд. Яъне аксарияти ҷавонони кишвар дар ин ё он муассисаи таълимӣ таҳсил менамоянд. Аз ин рӯ, тибқи қонунгузории соҳаи ҷавонон онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва чунин чорабиниҳои сатҳи давлатӣ бояд фаъолона ширкат варзанд. Маҳз аз ҳамин давра иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, иштирок дар чунин чорабиниҳо як навъ фаъолнокии сиёсии ҷавононро боз ҳам тақвият мебахшад. Аз сабабе ки аксарияти иштирокчиёни чунин чорабиниҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ба ҳисоб мераванд, бинобар ҳамин донишгоҳу донишкадаҳо низ барои танзими ин раванд масъул мебошанд.
Дар баробари ин, набояд фаромӯш намуд, ки асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ мебошад.
Аз ин рӯ, иштироки хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ ё ба истилоҳ «маршировка», ин саҳм гузоштани онҳо дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ ва гувоҳ аз доштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ мебошад.
Тавре маълум аст, дар бештари роҳпаймоиҳои осоишта ҷавонон ба таври фаъолонаю ихтиёрӣ иштирок мекунанд. Ин аз он гувоҳ аст, ки онҳо сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукуматро пайгирӣ намуда, дар рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд. Дар як маврид, гуфтан мумкин аст, ки нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа ҷавонон хоҳиши бештари иштирок дар чорабиниҳои сиёсиро доро мебошанд. Чунки имрӯз сиёсати давлатии ҷавонон ба тадриҷ рушд меёбад ва ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дастгирӣ мешаванд. Аз ин рӯ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ роҳи онҳоро дар амалигардонии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва иштирок дар идоракунӣ боз мекунад. 
Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҳпаймоиҳоии осоишта як шакли иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар ба шумор меравад. Дар ин гуна чорабиниҳои оммавӣ тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври озод иштирок карда метавонанд. Чунки иштирок дар ҳаёти сиёсиро, ки ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дохил мешавад, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолат додааст. Аз ҷумла, дар моддаи 29 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар раҳпаймоии осоишта ширкат варзад. Бо истифода аз ин ҳуқуқ, шаҳрвандон ба таври озодона дар чорабиниҳои сиёсӣ иштирок намуда, пуштибонии худро аз сиёсати имрӯзаи кишвар баён менамоянд. Иштироки ҷавононро дар ҳаёти сиёсӣ ва амалигардонии ҳуқуқҳои сиёсии онҳоро Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ дар моддаи моддаи 21 муқаррар намудааст. Дар асоси моддаи мазкур “ҳуқуқ ба ҷамъомадҳои осоишта эътироф карда мешавад. Ҳамчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» иштироки шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавононро дар ҳаёти сиёсӣ муқаррар менамоянд. Моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ҳуқуқҳои ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ намудааст, ки яке аз ин ҳуқуқҳо иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Тибқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, №94 тасдиқ гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои давлатии таълимиро барои тарбияи шаҳрвандон таъсис дода, шароит муҳайё месозад, ки ба бештар саҳм гирифтани оммаи васеи мардум дар тадбирҳои муҳими давлатию байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Саҳм гирифтани хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар тадбирҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла ҷашнҳои миллию давлатӣ яке аз нишондодҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи талаботи сархати сеюми қисми 2 моддаи  46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) уҳдадоранд, ки фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накукорӣ, эҳтироми оила, забони модарӣ, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангии халқи худ ва халқҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.
Аз ин рӯ, иштироки хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи давлатӣ, махсусан ба истилоҳ «маршировка» рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастии онҳоро нишон медиҳад.
 Масъалаи дигаре, ки имрӯз расонаӣ гардидааст, ин гӯё аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ маҷбурсозии хонандагону донишҷӯён барои иштирок дар «маршировка»-ҳо мебошад. 
Муҳтарам Раҷаби Мирзо бояд донанд, ки аз оне ки дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатӣ донишҷӯён иштирок мекунанд, розигии волидони онҳо зарур нест, чунки донишҷӯ аллакай шахси болиғ мебошад. Тавре ки дар боло зикр намудем, ҳар шаҳрванд метавонад дар асоси муқаррароти қонунгузории кишвар, дар ҳаёти сиёсӣ ва чорабиниҳои гуногунсатҳ иштирок намояд. Бинобар ин, ба хотири дастгирии сиёсати имрӯзаи кишвар ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён аз ин ҳуқуқи конститутсионии худ ба таври васеъ истифода мебаранд.
Мутобиқи сархати бистуми қисми 1 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия уҳдадоранд, ки иштироки таълимгирандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ,  маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин намуда, ба фаъолона ширкат варзиданашон мусоидат намоянд. Яъне иштироки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва ё ба истилоҳ «маршировка» ин як намуди корҳои ҷамъиятӣ низ мебошад.
Ин намуди корҳои ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, аммо тибқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модар дар тарбияи фарзанд уҳдадоранд, ки иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд.
Нуктаи дигар, ки Р.Мирзоро ба як навъ ташвиш овардааст, ин бархурдор будан аз имтиёзҳо ва ё муҷозот шудани донишҷӯён барои иштирок накардан дар “маршировка” мебошад.
Муаллиф хуб медонад, ки донишҷӯ барои иштирок дар ин гуна чорабиниҳои сиёсию ҷумҳуриявӣ аз чӣ имтиёзе бархурдор аст. Агар не, пас ба таваҷҷуҳи эшон мерасонем, ки таъмин бо хобгоҳ, нақлиёти ройгон, вобаста ба имконоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин бо стипендия ва дигар маводи зарурӣ аз зумраи он имтиёзҳоест, ки иштирокчиён-донишҷӯён ҳамасола бархурдор мегарданд. Барои донишҷӯёне, ки дар “маршировка”-ҳо ширкат мекунанд, вобаста ба имконоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ҷараёни “маршировка” ҳатман 200 – 300 сомонӣ маблағ ва ҳамарӯза ғизои ройгон дода мешавад. 
Бисёр хурсандибахш мебуд, агар мо на танҳо ба ҷанбаи манфии ҳар як масъала назар афканем, чунки иштирок дар ин гуна чорабиниҳои оммавӣ нишонаи сарҷамъӣ ва муттаҳидии ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа аст. Илова ба ин, таҷриба нишон медиҳад ва худи донишҷӯён инро ҳам дарк менамоянд, ки барои иштирокашон дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба истилоҳ «маршировка» ба онҳо дар сесияҳои ҷорӣ имтиёзҳо дода мешавад. Аз ҷумла, чунин донишҷӯён дар ҳолати аз имтиҳонҳо қарздор шудан, аз пардохти маблағ (кредит) озод карда мешаванд. Ва муҳтарам Раҷаби Мирзо метавонад хотирҷамъ бошад, ки то имрӯз касе барои иштирок накардан дар “маршировка” аз муассиса хориҷ нашудааст ва агар мавсуф далели мушаххасе доранд, пас пешниҳод намоянд (тавре ишора кардем, танҳо агар далеле доранд, метавонанд пешниҳод кунанд, на оне ки “гуфтанд”-у “мегӯянд”-у “дар назар аст”). 
Иштироки хонандагону донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, махсусан ҷашнвораҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрист ва бо гузашти солҳо дар зеҳн ва хотироти онҳо боқӣ хоҳанд монд. Зеро иштироку саҳм гирифтани онҳо дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ нишони ваҳдату худшиносии миллӣ буда, гувоҳи ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён мебошад.
 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон