БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II

Дар бораи лоиҳа

 



Штефан Зиверт

Роҳбари Лоиҳаи “Дастгирии техникӣ дар соҳаҳои маориф
ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ II

Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баланд бардоштани сифати таҳсилот ва имкониятҳои шуғли писарон ва духтарони Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хоса ба гуруҳои осебпазири аҳолӣ.

 

Шархи лоиҳа

Барномаи «Кумаки техникӣ ба соҳаи маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо 25 ноябри соли 2022 оғоз гардид. Барномаи аз ҷониби консорсиум таҳти роҳбарии Eductrade SA амалӣ карда мешавад. Ҳадафи баронома ба шаш натиҷа ноил шудан: 

Натиҷаи 1

Таҳкими таълими умумӣ ва таҳсилоти касбӣ.
Ин баланд бардоштани сифат, иртибот ва дастрасии таҳсилотро дар асоси салоҳиятнокӣ дар таълими умумӣ ва таҳсилоти касбӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи хонандагон ва бозори меҳнат дар бар мегирад. Навсозии барномаҳои таълимӣ, системаҳои арзёбии дониши донишҷӯён, такмили ихтисоси муаллимон, таҳия ва озмоиши стандартҳои салоҳият ва барномаҳои таълимӣ барои 20 ихтисоси афзалиятноки таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва интегратсияи барномаҳои таълими рақамӣ дар дохили ин нитиҷа мебошанд. Яке аз самтҳои муҳим мусоидат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот тавассути иштирок дар PISA 2025 мебошад.

Натиҷаи 2

Такмили системаи иттилоотии бозори меҳнат (LMIS). 
Ҳадафи он рушд ва такмил додани системаи иттилоотии бозори меҳнат ( LMIS ) барои беҳтар пайваст кардани талабот ва таъминот дар бозори меҳнат ва ташаккули малакаҳои корӣ, ва  дастоварии маълумот дар бораи инкишофи малакаҳо мувофиқи сиёсат дар ин самт мебошад. Арзёбӣ ва тавсияҳо оид ба такмили системаи иттилоотии бозори меҳнат ( LMIS ) дар ин натиҷа дохил мешаванд.  

Натиҷаи 3
Такмили идоракунии соҳаи маориф тавассути тамаркуз ба нақшаҳои нави маблағгузорӣ, рушди иқтидор барои назорат ва арзёбии дастовардҳо, таҳияи тартиби идоракунии барномаҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо бо ҷонибҳои манфиатдор. 

Натиҷаи 4

Мусоидат ба Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар ташкили системаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти ибтидоии касбӣ. Дастгирӣ дар таъсиси системаи идоракунии иттилоотӣ барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз ҷумла дастгирии техникӣ ва омодасозии кадрҳо. 

Натиҷаи 5

Мутобиқсозии синфхонаҳо барои донишҷӯёни дорои ниёзҳои махсуси таълимӣ. Муассисахои таълимии касбй интихобшуда ба стандартҳои фарогирӣ ва дастрасӣ барои донишҷӯёни дорои эҳтиёҷоти махсус (аз ҷумла одамони маъюб) мутобиқ курда мешаванд. 

Натиҷаи 6

Кӯмак дар татбиқи барномаи дастгирии буҷетӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд. Мониторинги татбиқи барнома барои таъмини минбаъдаи мувофиқати он ба ҳадафҳои Лоиҳа ва истифодаи самараноки захираҳо.

 

 

КОРМАНДОНИ ЛОИҲАИ  «ДАСТГИРИИ ТЕХНИКӢ ДАР СОҲАҲОИ МАОРИФ ВА МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

 

Айгул Казжанова
Мутахассиси асосӣ оид ба таҳсилоти умумӣ
  Данило Анишенко
Мутахассиси асосӣ оид ба таҳсилоти касбӣ

Холис Садурдинов
Мушовири калони миллӣ
Нигора Лашкарова
Мушовири калони, Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Лоиқҷон Миров
Мушовири миллӣ оид ба бозори меҳнат
Гуля Холмахмадзода
Ҳамоҳангсози лоиҳа 

Музафаров Химатшо
Мушовири миллӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ

Илҳом Хашимов
Мушовири миллӣ

Юлдашева Аиша
Ассистенти лоиҳа