Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид

13-06-2019
13 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагии худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.
Муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва имзои Созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.