11.11.2025

 img

11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо сафири Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алехандро Ариас Сарсуэла баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд иброз доштанд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ аз ташрифи расмии сафири Ҷумҳурии Доминикан изҳори хушнудӣ намуда, онро қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан аз соли 2010 равобити дипломатӣ барқарор намудаанд ва дар давоми солҳои охир тавассути ҳамоишҳои сатҳи баланд ва ташаббусҳои муштарак заминаи мусоиди ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалиро фароҳам овардаанд.

 

Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар самтҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули донишҷӯён, дастгирии лоиҳаҳои таҳсилоти техникӣ ва касбӣ бо ҷалби шарикони байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳад.

 

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ғании Ҷумҳурии Доминикан дар идоракунии таҳсилоти олӣ изҳор шуд, ки Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои нави табодули мутахассисон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

 

Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи дипломатии сафир ҷаноби Алехандро Ариас Сарсуэла, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Бразилия, Перу ва Испания фаъолият намудааст, изҳори итминон карда шуд, ки ин ташриф дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф нақши муҳим хоҳад дошт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД 12 ноябри соли 2025 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, роҳбари дафтари котиботи минтақавии Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наоко Хосака, инчунин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, намояндагони созмонҳои баёналмилалӣ, шарикони рушд ва дигар меҳмонон ҳузур иштирок намуданд.   Чорабиниро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҷаласаи навбатии «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Тоҷикистон» хушомадед гуфта, барои баргузории босамари он комёбиҳо орзу менамоям. Вазири маориф ва илм бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Маориф – омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафили рушди устувори кишвар аст». Бо дарназардошти ин, бовар дорем, ки танҳо тавассути талоши муштарак, ҳамоҳангии фаъол ва ҳамкории самарабахш метавонем заминаҳои устувор ва муҳимми рушди соҳаи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшем ва дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат барои наслҳои имрӯзу оянда қадамҳои устувор гузорем. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳот дар соҳаи маориф имрӯз дар ҷаласаи «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Тоҷикистон» ҷамъ омадаем.   Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти соҳаи маориф корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст ва рӯз аз рӯз дар натиҷаи ин ҳамкориҳо сафи шарикони рушд ва сармоягузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд гашта истодааст.   Дар идомаи ҷаласа роҳбари дафтари котиботи минтақавии Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён баромад намуда, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: вазъи иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026, маблағгузорӣ ва идоракунии соҳаи маориф: моделҳои симулятсионии арзёбӣ ва маблағгузорӣ барои ҳар як хонанда, механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳа бо шарикони рушд: матритсаи ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф, платформаи рақамии LEG.TJ, арзёбии сифати таҳсилот: рафти татбиқ ва дастовардҳои асосӣ, таҳсилоти фарогир: консепсия ва стратегияи миллӣ, ислоҳоти барномаи таълим: ислоҳот дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, харитаи роҳи муносибати босалоҳият дар таълим ва чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбӣ, трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва идоракунии иттилоот (EMIS ва E-Дониш)-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.   Дар охир таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба тақвияти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, боло бурдани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    3

    12.11.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар нафарони масъул иштирок намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид кард, ки таҳия ва қабули барномаи мазкур ба таъмини рушди устувор ва ҳаматарафаи низоми таҳсилоти кишвар равона гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва инфрасохтори муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.   Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи асосии омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир ба ҳисоб мераванд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар, низоми таҳсилот бояд бо таҷҳизоти муосир ва муҳити созгори омӯзишӣ таъмин карда шавад.   Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода зимни баромади худ қайд намуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси барномаи солҳои 2021-2025, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам муассисаҳои таълимӣ аз ҷиҳати таъмин бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба таври кофӣ таъмин нестанд. Бо дарназардошти болоравии нархи таҷҳизот, тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот, таҳияи барномаи нави солҳои 2026-2030 ба миён омад.   Барномаи нав бо дарназардошти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳия шуда, ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, рушди малакаҳои омӯзгорону хонандагон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи рақамӣ нигаронида шудааст.   Тибқи гуфтаи масъулон, бо татбиқи барномаи мазкур шароити мусоид барои таҳкими донишҳои назариявию амалӣ, рушди малакаҳои муҳандисӣ, барномасозӣ ва таҳқиқотии хонандагон фароҳам мегардад.   Дар ҷамъбаст таъкид шуд, ки таҳия ва қабули Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди минбаъдаи низоми маорифи миллӣ ба шумор меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    62

    11.11.2025
  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ!   Ҳамаи шумо, инчунин, собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи милитсия самимона табрик мегӯям.   Ҷашни касбии кормандони милитсия дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи беш аз се даҳсола дар ҷодаи пешрафту тараққиёт ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.   Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъулияти басо ҳассосу душвор – ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, осоишу оромии ҷомеа ва мубориза бо ҷинояткориро сарбаландона иҷро карда истодаанд.   Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассоси таърихи навини халқи тоҷик якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.   Кормандони милитсия, хусусан, дар солҳои нахустини истиқлол бо вуҷуди мушкилоти сангини иқтисодиву иҷтимоӣ ва норасоии шароити моддиву техникӣ вазифаи худро содиқона ба ҷой оварданд.   Вақтҳои охир мардуми сайёраро зуҳуроти хатарноку фоҷиабори терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромарзӣ сахт ба нигаронӣ овардаанд.   Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ бояд зиракии сиёсиро фаромӯш насозанд, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи оромиву суботи ҷомеа ва давлат, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамеша омода бошанд.   Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки барои таъмин намудани фаъолияти самараноки мақомот ба сифати омодасозии кадрҳо, интихобу ҷобаҷогузории дуруст ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо, аз худ кардани техникаву технологияҳои ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ бояд диққати махсус дода шавад.   Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Кормандони милитсияи тоҷик бояд доимо дар ёд дошта бошанд, ки оромиву осоиштагии диёри азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон нафар сарсупурдагони роҳи истиқлолу озодӣ ба даст омадааст.   Таъмин намудани оромиву субот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар аз ҳисси баланди масъулияти шахсӣ ва қобилияту маҳорати касбии ҳар яки онҳо вобастагӣ дорад.   Ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ба давлату миллат, сарзамини муқаддас ва Ватани аҷдодӣ итминони комил дорам.   Бовар дорам, ки шумо ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонед, вазифаҳои хизматӣ ва рисолати муқаддаси худро минбаъд низ содиқонаву сарбаландона иҷро мекунед.   Бори дигар тамоми кормандони милитсияи тоҷик ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.   Ҷашни касбӣ муборак бошад, ҳомиёни қонунияту тартибот ва фарзандони содиқи Ватан!

    67

    10.11.2025