14.11.2025
Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо шукуҳи хоса расман ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун, иштирокчиён ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Зимни маросими кушодашавии даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳамаи аҳли адаб, масъулони озмун, довталабон ва меҳмононро бо оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик гуфта, иброз дошт, ки дар остонаи таҷлили ду санаи муҳимми таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани озмун дорои аҳаммияти рамзӣ ва маънавии баланд мебошад.
Гуфта шуд, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин озмун на танҳо василаи бедории завқи китобхонӣ, балки роҳи устувори баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир пур аз иттилооту хатарҳои иттилоотии бегона аст, китоб - василаи муҳимми ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷомеаи мо танҳо бо дониш, маърифат ва китобхонӣ метавонад муваффақ ва пешрафта гардад. Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.
Гуфта шуд, ки вазифаи комиссияи ҷумҳуриявӣ таъмин намудани шаффофият, адолат ва баҳогузории холисона дар даври ниҳоии озмун аст. Бояд ба ҳар як иштирокчӣ бо рӯҳияи хуб муносибат намуда, заҳмат, дониш ва омодагии ҳар довталаб ба таври одилона арзёбӣ шавад.
Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки имсол мо шоҳиди оғози соли ҳафтум аз баргузории ин озмуни бузурги маърифатӣ мебошем. Дар ин солҳо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавонист чеҳраҳои нави илму адабро муаррифӣ кунад, муҳаббат ба китоб ва забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳониро таҳким бахшад, дар миёни кӯдакон, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеа рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зиракии сиёсиро тақвият диҳад. Бигзор ин озмун мисли ҳар соли дигар ба тантанаи дӯстӣ, ваҳдат, дониш ва маърифат табдил ёбад.
Дар охир ба ҳамаи довталабон, устодон, ҳакамон ва масъулин барори кор, илҳом ва муваффақиятҳои нав таманно карда шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон