12.11.2025
12 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси муштараки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маорифи Тоҷикистони муосир» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон, устодон ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи соҳаи маориф ширкат варзиданд.
Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Сироҷиддин Ниёзӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулоҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди босуръати соҳаҳои илму маориф, таҳкими пояҳои зеҳнии ҷомеа ва болоравии мақоми омӯзгор дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Таъкид шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаи таълимӣ, коллеҷу донишгоҳҳои нав ва марказҳои инноватсионӣ бунёд шуда, заминаи воқеӣ барои рушди илму маорифи миллӣ фароҳам омадааст.
Сипас, Шодӣ Сафаров, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, сухани табрикии худро баён намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Ӯ зикр кард, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва рушди илмҳои миллӣ беандоза бузург аст. Ба таъкиди мавсуф, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат боис гардид, ки низоми таҳсилоти кишвар сифатан нав шавад ва барои таҳсилу камоли насли ҷавон шароити мусоиди зисту таҳсил муҳайё гардад.
Дар идомаи конференсия С. Туронов ва Б. Зулфонов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва И. Гадоев, корманди Пажӯҳишгоҳ бо маърузаҳои илмии худ дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввул ва азнавсозии маорифи миллӣ», «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Пешвои миллат — ҳомии сулҳ ва кафили муттаҳидии миллат» баромад намуданд. Дар маърузаҳо таъкид шуд, ки ташаббусҳои стратегӣ ва дурнигаронаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа намунаи ибрат буда, ба такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот ва рушди кадрҳои илмӣ мусоидат кардааст. Маҳз сиёсати дурандешона ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварро таъмин карда, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сатҳи эътирофи байналмилалӣ расондааст.
Инчунин, дар рафти конференсия C. Неъматов, Ф. Гулматов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Д. Имомназаров-корманди Пажӯҳишгоҳ ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар бахши илму маориф на танҳо ба рушди низоми таҳсилот, балки ба ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии насли нав мусоидат кардааст. Ба андешаи онҳо нақши Пешвои миллат дар пешбурди ислоҳоти таълимӣ, боло бурдани мақоми омӯзгор, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар таҳсил ва дастгирии ҷавонони боистеъдод аз омилҳои асосии муваффақияти соҳаи маориф дар даврони истиқлол мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба олимону мутахассисони соҳа «Сипоснома»-и Академияи таҳилоти Тоҷикистон барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқу амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди касбӣ, саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ супорида шуд.
Роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ натиҷаҳои конференсияро ҷамъбаст намуда, таъкид карданд, ки арҷгузорӣ ба шахсияти таърихии Пешвои миллат, ин арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносии миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аст.