ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

30.09.2024

30-юми сентябр таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ ва муаллифони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.

 

Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои арзёбии дастхатҳои адабиёти таълимиву бадеӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити камбуди соатҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

Зимни муаррифии адабиёти таълимиву бадеии барои муҳокима пешниҳодгардида директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамурод иброз дошт, ки дастхати китобҳои номбаршуда аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ арзёбӣ шудаанд.

 

Дар баробари ин раиси ҷаласа аз роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат даъват ба амал овард, ки як теъдоди адабиёти таълимӣ, хусусан китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ўзбекӣ ва туркманиро бо дарназардошти талаботи нақшаҳои таълимӣ, стандарту барномаи таълим ва сатҳу сифати тарҷумаи онҳо такроран мавриди арзёбӣ қарор дода, хулоса пешниҳод намоянд.

 

Аз рӯйи масъалаи дуюм гузориши раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни алифбо ва матни ниёгон Азим Байзоев доир ба «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити камбуди соатҳои таълимӣ (дар мисоли фанни алифбо ва матни ниёгон)» манзур гардид.

 

Номбурда иброз дошт, ки барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ ва тахассусӣ имконияти бештар намудани миқдори соатҳои таълимӣ аз матни классикӣ ва ҷорӣ намудани тадриси фанни методикаи таълими алифбо ва матни ниёгон дар факултетҳои филологияи тоҷик баррасӣ гардида, барои хатмкунандагони ин равияҳо тахассуси «омӯзгори фанни алифбо ва матни ниёгон» низ дар баробари омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дода шавад. Инчунин, масъалаи имконияти ба зергурӯҳҳо ҷудо кардани синфҳои серхонандаро зимни таълими фанни алифбо ва матни ниёгон баррасӣ намуда, такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва алифбо ва матни ниёгон муттаҳид карда шавад.

 

Дар охир аз ҷониби раиси ҷаласа ҷиҳати дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву бознигарӣ намудани китобҳои дарсӣ ва дар асоси талаботи ҷорӣ мавриди экспертиза қарор додани мазмуну мундариҷаи онҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти

китобҳои дарсӣ, илмию методии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд Аз 11 то 13 феврал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврасони асри технология» барои хонандагони ин муассиса машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Ҳадафи баргузории машварат ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ гардид. Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва корбурди онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза, саводи расонаӣ ва амнияти иттилоотӣ ба иштирокчиён маълумоти аввалин ва муфид доданд. Инчунин дар идомаи машварат бозиҳои дидактикӣ ва озмунҳои зеҳнӣ доир карда шуданд. Рӯзи аввал барои хонандагон машғулият оид ба муҳити рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон қоидаҳои истифодаи дурусти таҷҳизоти рақамӣ ва манбаъҳои интернетиро омӯхтанд. Дар идома барои мустаҳкам кардани мавзуъ бозиҳои дидактикии шавқовар гузаронида шуданд. Кор бо барномаҳои Microsoft Office мавзуи рӯзи дуюми машварат буд. Дар ҷараёни он хонандагон кор бо ин барномаҳоро азхуд карданд. Ба хонандагон маълумот оид ба компютер ва қисмҳои он низ пешниҳод карда шуд. Бо мақсади мустаҳкам намудани хотираи хонандагон ва таҳлили мавзуъҳо бозиҳои дидактикӣ доир шуданд, ки хотири иштирокчиёнро болида ва машваратро хотирмону ҷолиб гардониданд. Дар ҷамъбасти машварат директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода изҳор дошт, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби хонандагони дорои имконияти маҳдуд ба илмомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо гузаронида шуд. Иштирокчиён барои фаъолнокӣ ва рафтори намунавӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд. khovar.tj

    55

    14.02.2025
  •  img
    ДАР ТОҶИКИСТОН 1160-СОЛАГИИ ФАЙЛАСУФ ВА ОЛИМИ МАЪРУФИ ТОҶИК АБУБАКРИ РОЗӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД Нимаи дуюми моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 1160-солагии файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ таҷлил таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, баргузор карда мешавад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 1160-солагии Абубакри Розӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муваззаф гардидаанд.Масъулин вазифадор шудаанд, ки бо баргузор намудани ҳамоишҳои фарҳангӣ-маърифатӣ насли наврас ва ҷавони мамлакатро бо осори гаронбаҳои Абубакри Розӣ шинос намуда, онҳоро барои мутолиаи асарҳои ӯ ҳидоят намоянд. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо хотирнишон намуданд: «халқи тоҷик аз қадим миллати фарҳангофарину тамаддунсоз мебошад ва ба ҷаҳониён шахсиятҳои бузург – олимону мутафаккирон, шоирону нависандагон ва ҳунармандони асилеро тақдим кардааст, ки онҳо дар ғанӣ гардондани тамаддуни башар саҳми босазо гузоштаанд. Мо бо чунин фарзандони фарзонаи халқи худ ифтихор мекунем, зеро онҳо барои миллати хеш ва аҳли башар ганҷинаи гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба ёдгор гузоштаанд». Ба таъкиди Пешвои миллат, дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Бояд гуфт, ки файласуфи тоҷик, олими маъруфи тиб ва кимиё Абубакри Розӣ (865 – 925) бо номҳои Разес (Razes) ва Абубатер (Abu Bater) шинохта шуда, сазовори эътирофу эҳтироми донишмандони машҳури ҷаҳон дар гузашта ва имрӯз гардидааст. Файласуф қариб 238 китоб ва рисола навиштааст, ки мутаассифона, на ҳамаи онҳо то имрӯз боқӣ мондааст. 60 китобу рисолаҳои ӯ ба тиб бахшида шудааст. Аз асарҳои доир ба химия таълифнамудаи Розӣ сетояш -«Китобуншаоҳид» (китоби иқтибосҳо), «Китоб-ул-асрор» (китоби асрорҳо), «Китоб сирр-ил-асрор» (китоби сирри асрорҳо) то замони мо омада расидаанд. Ба гуфтаи устодони факултаи химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз таҷрибаҳои Абубакри Розӣ ва усулҳои кори ӯ дар соҳаи химия олимони Ғарб дар асри XVII истифода бурдаанд. Масалан, химиядони голландӣ Герман Бургаве асари худ «Элементҳои химия»-ро дар заминаи асари Розӣ мураттаб сохтааст, яъне дар он аввал моддаҳо, баъд асбобҳо ва дар охир протсессҳои химиявӣ бо шарҳашон ҷой дода шудаанд. Абубакри Розӣ яке аз аввалинҳо шуда таснифи моддаҳоро пешниҳод намудааст. Ӯ дар таърихи химия нахустин маротиба ҳамаи моддаҳоро ба се синф: маъданӣ, набототӣ ва ҳайвонотӣ ҷудо карда, оид ба намояндагони ҳар яке аз ин гурӯҳҳо маълумот дода буд. Тибқи нишондоди сарчашмаҳо, файласуф то 30 – солагӣ ба ҳамаи илмҳои мавҷудаи замонааш: фалсафа, илми кимиё, илми табиӣ (физика), ҳайат, рустанишиносӣ ва ғайра устод гашта буд. Танҳо дар 30 – солагиаш ба омӯзишу пажуҳиши илми тиб ҷиддӣ машғул шуда, то охири умр то дараҷае шуҳрат пайдо кард, ки яке аз чаҳор пизишки маъруфи дунё эътироф гаштааст. Дар сарчашмаҳо дар бораи мақому манзалати ӯ дар тиб тавсифҳо зиёданд. Яке аз онҳо, ки бузургии ӯро дар ин соҳа нишон медиҳад, чунин аст: «Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (Гиппократ) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро Ҷолинус (Гален) зинда кард, пизишкӣ пароканда буд, онро Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Буалии Сино комил кард». Муҳаққиқон ду асари Закариё Розӣ – «Тибби рӯҳонӣ» ва «Сирати фалсафӣ»-ро «муаллими ахлоқ» номидаанд, зеро дар онҳо тамоми хислатҳои инсонӣ, фазилатҳои хуб (некӣ, ростгӯӣ, инсондӯстӣ, адолат, ҳаё, иффат, раҳм, саховат, покизагӣ) ва бад (разолат, мутакаббирӣ, худписандӣ, мумсикӣ, майпарастӣ, дуруғгӯӣ) – и одамиро ҷолибона ва возеҳона мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин асарҳо дар таълиму тарбияи аҳлоқии одамон, бахусус насли наврас ва ҷавон беҳтарин роҳнамо маҳсуб мешавад. Таҳқиқгарони эҷоди ӯ пешниҳод менамоянд, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ саҳм ва нақши ӯро на танҳо дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон, балки дар таърихи тамаддуни башарӣ бештар маълум месозад. АМИТ «Ховар»

    41

    14.02.2025
  •  img
    ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТО ТАВОНӢ ДӮСТОНРО ГУМ МАКУН» ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД ИШТИРОК НАМУД 13-14 феврал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «То тавонӣ дӯстонро гум макун» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамоиш аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илм, масъулони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, маориф, фарҳанг, зиёиён ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. Иштирокдорон ва намояндагони Тоҷикистон зимни суханронӣ саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди минтақа, хусусан бо давлатҳои ҳамҷавор ба таври мушаххас иброз намуданд. Тавре маълум аст, миллати тоҷик дар дарозои таърих ҳамеша фарзандони фарзонае тарбия намудааст, ки онҳо барои миллати хеш ва дигар халқият хизматҳои шоён анҷом додаанд. «Яке аз барҷастатарини онҳо, ки барои шаклгирии давлати навини тоҷикон саҳми бузург гузоштааст, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи Устод Айниро арҷ гузошта, номи ӯро на танҳо дар дохили мамлакат, балки фаротар аз марзҳои он гиромӣ медорад ва ёдашро ҷовидонӣ месозад», — тазаккур доданд иштирокчиён. Ҳамчунин дар доираи ҳамоиш ҳайати Тоҷикистон барои боз ҳам ғанӣ гардонидани фонд ва ороиши экспозитсияи толорҳои хона-музейи Устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд ба он китобҳо, аксҳо, маводи осорхонавӣ вобаста ба ҳаёт ва эҷодиёти Устод тақдим намуд. khovar.tj

    59

    13.02.2025