14.11.2025
Таҳти ин унвон 14 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм дар оғоз ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу амонӣ таманно намуд.
Вазир дар суханронии худ зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи миллӣ нақши беназир доранд. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар миллати тоҷик ба як санҷиши ҷиддии таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 на танҳо иқтисоду сиёсат, балки пояҳои маънавии миллатро низ таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои бисёр вазнин соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузург ба саҳнаи сиёсат баромад ва бо ҷасорат масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ин шахсияти бузург дар ҳамон он давра чунин суханони таърихие баён намуда буд: «Ман ба хотири халқи азизи Тоҷикистон ҳатто ҷони худро фидо мекунам».
Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Ҷ. Шарифзода, номзади илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Пешвои миллат»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва Пешвои соҳибмактаб» ва Н. Амирбекзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иҷлосияи тағдирсоз ва нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» шунида шуд. Ҳамчунин, С. Ширинбекзода, сардори шуъбаи таблиғоди дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба корнамоиҳои Сарвари давлат суханронӣ намуд.
Маърузачиён иброз доштанд, ки бо мустаҳкам шудани сулҳ давраи нави рушди устувори давлат оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро барои барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, таҳкими низоми давлатдорӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум равона намуданд.
Зимни муҳокимарониҳо иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.
Дар фарҷом як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ бо “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гаршудадида, ба як қатор кормандоне, ки аъзои ҲХДТ гардиданд, дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон