13.11.2025

 img

Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид

 

13 ноябри соли равон дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – намоди давлатдорӣ ва ифтихори миллии тоҷикон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

 

Нахуст сармуҳаррири ҳафтанома Эҳсон Сафарзода иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ буда, дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши бориз мегузорад. Маҳз бо талошу пайкор ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвар барқор шуд ва Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид гардид. Аз ин рӯ, ёдоварӣ аз корномаи Пешвои миллат омили муҳимми баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва асолати давлатдорӣ мебошад.

 

Доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова дар мавзуи «Президент – кафили сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёр» ва муҳаррири нашрия Шаҳноза Бобомуродова дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи давлатдории миллӣ” суханронӣ намуданд. Зикр шуд, ки имрӯз Ватани азизи мо ошёни сулҳу ваҳдат буда, мардуми шарафманди тоҷик бо дасту дили гарм ба ободию шукуфоии бештари кишварамон талош менамоянд.

 

Дар музокира муҳаррири нашрия Абдурауф Муродӣ ва мухбири минтақавии нашрия дар ВМКБ Ҷангибек Улфатшоев таъкид карданд, ки маҳз бо талошу пайкори Пешвои миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳофар шинохта шудааст.

 

Шеъру сурудҳо дар иҷрои омӯзгорону хонандагони литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ситоиши Пешвои миллат чорабиниро рангин намуданд.

 

Дар охир ба меҳмонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии идораи нашрия супорида шуд.

  • НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН img
  • НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН img
  • НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ Таҳти ин унвон 14 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.   Дар кори конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм дар оғоз ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу амонӣ таманно намуд.   Вазир дар суханронии худ зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи миллӣ нақши беназир доранд. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар миллати тоҷик ба як санҷиши ҷиддии таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 на танҳо иқтисоду сиёсат, балки пояҳои маънавии миллатро низ таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои бисёр вазнин соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузург ба саҳнаи сиёсат баромад ва бо ҷасорат масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ин шахсияти бузург дар ҳамон он давра чунин суханони таърихие баён намуда буд: «Ман ба хотири халқи азизи Тоҷикистон ҳатто ҷони худро фидо мекунам».   Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Ҷ. Шарифзода, номзади илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Пешвои миллат»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва Пешвои соҳибмактаб» ва Н. Амирбекзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иҷлосияи тағдирсоз ва нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» шунида шуд. Ҳамчунин, С. Ширинбекзода, сардори шуъбаи таблиғоди дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба корнамоиҳои Сарвари давлат суханронӣ намуд.   Маърузачиён иброз доштанд, ки бо мустаҳкам шудани сулҳ давраи нави рушди устувори давлат оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро барои барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, таҳкими низоми давлатдорӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум равона намуданд.   Зимни муҳокимарониҳо иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.   Дар фарҷом як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ бо “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гаршудадида, ба як қатор кормандоне, ки аъзои ҲХДТ гардиданд, дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    14.11.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо шукуҳи хоса расман ифтитоҳ гардид.   Дар ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун, иштирокчиён ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.   Зимни маросими кушодашавии даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳамаи аҳли адаб, масъулони озмун, довталабон ва меҳмононро бо оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик гуфта, иброз дошт, ки дар остонаи таҷлили ду санаи муҳимми таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани озмун дорои аҳаммияти рамзӣ ва маънавии баланд мебошад.   Гуфта шуд, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин озмун на танҳо василаи бедории завқи китобхонӣ, балки роҳи устувори баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир пур аз иттилооту хатарҳои иттилоотии бегона аст, китоб - василаи муҳимми ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷомеаи мо танҳо бо дониш, маърифат ва китобхонӣ метавонад муваффақ ва пешрафта гардад. Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.   Гуфта шуд, ки вазифаи комиссияи ҷумҳуриявӣ таъмин намудани шаффофият, адолат ва баҳогузории холисона дар даври ниҳоии озмун аст. Бояд ба ҳар як иштирокчӣ бо рӯҳияи хуб муносибат намуда, заҳмат, дониш ва омодагии ҳар довталаб ба таври одилона арзёбӣ шавад.   Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки имсол мо шоҳиди оғози соли ҳафтум аз баргузории ин озмуни бузурги маърифатӣ мебошем. Дар ин солҳо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавонист чеҳраҳои нави илму адабро муаррифӣ кунад, муҳаббат ба китоб ва забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳониро таҳким бахшад, дар миёни кӯдакон, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеа рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зиракии сиёсиро тақвият диҳад. Бигзор ин озмун мисли ҳар соли дигар ба тантанаи дӯстӣ, ваҳдат, дониш ва маърифат табдил ёбад.   Дар охир ба ҳамаи довталабон, устодон, ҳакамон ва масъулин барори кор, илҳом ва муваффақиятҳои нав таманно карда шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    47

    14.11.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ДАФТАРИ КОТИБОТИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ОИД БА ТОҶИКИСТОН 13 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо роҳбари дафтари котиботи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон хонум Трине Петерсен баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм Б.Музаффарзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE)-ро баррасӣ намуда, ба густариши минбаъдаи он таъкид карданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ зикр намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маориф ҳамчун самти калидии рушди инсонӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар эътироф шудааст. Ӯ афзуд, ки маҳз маорифи босифат метавонад зеҳни насли ҷавонро рушд бахшад ва иқтидори инсониро таҳким диҳад.   Ҳамчунин гуфта шуд, ки Шарикии глобалӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин ҳамкорон дар рушди соҳаи маориф буда, дар доираи ҳамкориҳои муштарак як қатор ташаббусҳои муҳимми стратегӣ амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, таҳкими иқтидори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи барномаҳои омӯзишии муосир барои омӯзгорон, тақвияти таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати идоракунӣ дар соҳаи маориф.   Хонум Трине Петерсен дар навбати худ аз ҳамкориҳои самарабахши Вазорати маориф ва илм бо Шарикии глобалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таълим пешравиҳои назаррас дошта, GPE омода аст минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи барномаҳои стратегии соҳа идома диҳад.   Дар анҷом, ҷонибҳо бар зарурати идомаи муколамаи созанда, тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҷалби бештари шарикони рушд ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муштараки таълиму тарбия таъкид намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    37

    13.11.2025