15.05.2026

 img

Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз (15.05.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети филология конфересияи байналмилалии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – Қаҳрамони Тоҷикистон ва арҷгузории Пешвои миллат ба хидматҳои шоир» доир гардид.

 

Дар кори конференсия нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш – 115 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода самимона табрик намуда, иброз дошт, ки «меҳри устод Мирзо Турсунзода дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард. Шоири башардӯст дар хонаи дили худ на танҳо меҳру муҳаббати халқи азизаш, балки озодихоҳони ҷаҳонро низ ҷой дода буд».

 

Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ, академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода марӯза намуда, зикр намуд, ки «тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст».

 

Дар конфронс намояндаи раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муъминзода Некрӯз, маърӯза намуда, иброз дошт, ки Мирзо Турсунзода вассофи сулҳу дӯстӣ буда, бо эҷодиёти гаронарзишаш дар рушду нумуи адабиёти муосири тоҷик ва муаррифии миллати тоҷик ба ҷаҳониён, саҳми бузург гузоштааст.

 

Ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷик Ҳафиз Раҳмон, маърӯза намуда, иброз дошт, ки «устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст».

 

Зимнан, Фирӯза Турсунзода - духтари шоири маҳбуби миллат Мирзо Турсунзода, аз саҳми арзандаи падари хеш дар рушди адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуда, иброз дошт: «Дар забони падарам ҳамеша се мафҳуми муқаддас - Ватан, адабиёт ва сулҳу дӯстии байни халқҳо ҷой дошт».

 

Таъкид гардид, ки осори пурғановати адиб, бахусус шеърҳои саршор аз ҳисси ватандӯстӣ ва ғояҳои инсондӯстона, то имрӯз дар қалби хонандагон мақоми вижа дошта, дар тарбияи маънавию ахлоқии насли ҷавон нақши муассир мегузорад.

 

Дар конфересияи байналмилалии илмию амалӣ намояндагони сафоратҳои Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 

Дар охири конференсия чанде аз донишҷӯёни факултетҳои филология аз ашори гаронбаҳои устод Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуданд.

  • МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ: ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img
  • МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ: ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img
  • МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ СУЛҲУ ДӮСТӢ: ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АЛ-ХОРАЗМӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Аз 1 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика баргузор гардид, ки дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.   Дар ин олимпиадаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.   Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 медали тилло (ҷойи якум), 2 медали нуқра (ҷойи дуюм) ва 8 медали биринҷӣ (ҷойи сеюм) ба даст овард.

    51

    08.06.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.   Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо "Сипоснома"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    54

    06.06.2026
  •  img
    ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ 6 июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.   Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.   Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.   Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.   Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.

    56

    06.06.2026