13.11.2025

 img

Имрӯз, 13 нобяри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

 

Дар оғоз Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди қабули Қатъномаи таърихии Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар соҳаи об, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, самимона табрик намуд.

 

Муовини Сарвазири мамлакат дар суханронии хеш иброз дошт, ки бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 7-ум аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои тоза озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Тоҷикистон идома дорад. Озмуни мазкур барои ҷалби ҷомеаи Тоҷикистон ба китобхонӣ ва оҳиста-оҳиста ба як маҷрои доимӣ табдил шудани он нақши ниҳоят бузург дорад. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар бо шавқу завқи беандоза китоби бадеӣ хондаву дар ин озмун иштирок менамоянд. Ҳоло мо дар оғози даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор дорем ва таваҷҷуҳи зиёди довталабон ба ин озмун моро водор месозад, ки дар раванди таъмини шаффофият ва хуб баргузор гардидани он аз тамоми воситаҳо истифода намоем.

 

Сипас, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, вазири маориф ва илм доир ба омодагиҳо ба даври чорум ва тартиби баргузории он маъруза намуда, зикр кард, ки дар партави дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1 сентябри соли 2024 дар Рӯзи дониш ироа доштанд, ҳамзамон таъкидашон дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27-уми июни соли 2025 раванди баргузории озмун бояд аз диди нав ва баҳои ҳақонӣ додан ба омодагии ҳар як довталаб сурат гирад.

 

Дар соли 2025 дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352042 нафар ширкат варзиданд. Аз ин теъдод, 111037 (76801 нафар духтарон) буда, нисбат ба соли 2024 теъдоди иштирокчиёни даври якум 100 ҳазору 776 нафар зиёд шудааст. Аз теъдоди 352042 нафар иштирокчиёни даври якуми озмун дар соли 2025 235 ҳазору 840 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд. Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар даври дуюми озмун 58250 нафар иштирок намуда, 3619 нафар, 2772 зан/духтар), ба даври сеюм ва 432 нафар ва 3 нафар тоҷикони бурунмарзӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 

Гуфта шуд, ки омодагӣ ба даври чоруми озмун хуб ҷараён дошта, баҳри дар сатҳи баланд баргузор шудани он тадбирҳои судманд андешида шудааст.

 

Дар охир ҳайати ҷаласаи ситоди озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарорҳои дахлдорро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани даври ниҳоии озмун қабул намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пагоҳ, 14 ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман оғоз мегардад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД img
  • ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД img
  • ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ Таҳти ин унвон 14 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.   Дар кори конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм дар оғоз ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу амонӣ таманно намуд.   Вазир дар суханронии худ зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи миллӣ нақши беназир доранд. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар миллати тоҷик ба як санҷиши ҷиддии таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 на танҳо иқтисоду сиёсат, балки пояҳои маънавии миллатро низ таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои бисёр вазнин соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузург ба саҳнаи сиёсат баромад ва бо ҷасорат масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ин шахсияти бузург дар ҳамон он давра чунин суханони таърихие баён намуда буд: «Ман ба хотири халқи азизи Тоҷикистон ҳатто ҷони худро фидо мекунам».   Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Ҷ. Шарифзода, номзади илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Пешвои миллат»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва Пешвои соҳибмактаб» ва Н. Амирбекзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иҷлосияи тағдирсоз ва нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» шунида шуд. Ҳамчунин, С. Ширинбекзода, сардори шуъбаи таблиғоди дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба корнамоиҳои Сарвари давлат суханронӣ намуд.   Маърузачиён иброз доштанд, ки бо мустаҳкам шудани сулҳ давраи нави рушди устувори давлат оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро барои барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, таҳкими низоми давлатдорӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум равона намуданд.   Зимни муҳокимарониҳо иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.   Дар фарҷом як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ бо “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гаршудадида, ба як қатор кормандоне, ки аъзои ҲХДТ гардиданд, дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    38

    14.11.2025
  •  img
    МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо шукуҳи хоса расман ифтитоҳ гардид.   Дар ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун, иштирокчиён ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.   Зимни маросими кушодашавии даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳамаи аҳли адаб, масъулони озмун, довталабон ва меҳмононро бо оғози даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” табрик гуфта, иброз дошт, ки дар остонаи таҷлили ду санаи муҳимми таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани озмун дорои аҳаммияти рамзӣ ва маънавии баланд мебошад.   Гуфта шуд, ки бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба як ҳаракати фарогири маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ин озмун на танҳо василаи бедории завқи китобхонӣ, балки роҳи устувори баланд бардоштани маърифати ҷавонон, таҳкими худшиносӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа мебошад. Дар замоне, ки ҷаҳони муосир пур аз иттилооту хатарҳои иттилоотии бегона аст, китоб - василаи муҳимми ҳифзи ҳувият ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ҷомеаи мо танҳо бо дониш, маърифат ва китобхонӣ метавонад муваффақ ва пешрафта гардад. Ҳадафи асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш, китобу китобхонӣ миёни аҳолии кишвар ва арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик аст.   Гуфта шуд, ки вазифаи комиссияи ҷумҳуриявӣ таъмин намудани шаффофият, адолат ва баҳогузории холисона дар даври ниҳоии озмун аст. Бояд ба ҳар як иштирокчӣ бо рӯҳияи хуб муносибат намуда, заҳмат, дониш ва омодагии ҳар довталаб ба таври одилона арзёбӣ шавад.   Дар идома вазири маориф ва илм иброз дошт, ки имсол мо шоҳиди оғози соли ҳафтум аз баргузории ин озмуни бузурги маърифатӣ мебошем. Дар ин солҳо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тавонист чеҳраҳои нави илму адабро муаррифӣ кунад, муҳаббат ба китоб ва забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои ҷаҳониро таҳким бахшад, дар миёни кӯдакон, ҷавонон ва қишрҳои дигари ҷомеа рӯҳияи ватандорӣ, хештаншиносӣ ва зиракии сиёсиро тақвият диҳад. Бигзор ин озмун мисли ҳар соли дигар ба тантанаи дӯстӣ, ваҳдат, дониш ва маърифат табдил ёбад.   Дар охир ба ҳамаи довталабон, устодон, ҳакамон ва масъулин барори кор, илҳом ва муваффақиятҳои нав таманно карда шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    50

    14.11.2025
  •  img
    НАМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид   13 ноябри соли равон дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – намоди давлатдорӣ ва ифтихори миллии тоҷикон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.   Нахуст сармуҳаррири ҳафтанома Эҳсон Сафарзода иброз дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ буда, дар таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши бориз мегузорад. Маҳз бо талошу пайкор ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвар барқор шуд ва Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушду пешрафт ворид гардид. Аз ин рӯ, ёдоварӣ аз корномаи Пешвои миллат омили муҳимми баланд гардидани ҳисси ифтихори миллӣ ва асолати давлатдорӣ мебошад.   Доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова дар мавзуи «Президент – кафили сулҳу ваҳдат ва осоиштагии диёр» ва муҳаррири нашрия Шаҳноза Бобомуродова дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эҳёи давлатдории миллӣ” суханронӣ намуданд. Зикр шуд, ки имрӯз Ватани азизи мо ошёни сулҳу ваҳдат буда, мардуми шарафманди тоҷик бо дасту дили гарм ба ободию шукуфоии бештари кишварамон талош менамоянд.   Дар музокира муҳаррири нашрия Абдурауф Муродӣ ва мухбири минтақавии нашрия дар ВМКБ Ҷангибек Улфатшоев таъкид карданд, ки маҳз бо талошу пайкори Пешвои миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушд намуда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳофар шинохта шудааст.   Шеъру сурудҳо дар иҷрои омӯзгорону хонандагони литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ситоиши Пешвои миллат чорабиниро рангин намуданд.   Дар охир ба меҳмонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии идораи нашрия супорида шуд.

    46

    13.11.2025