12.11.2025

 img

12 ноябри соли 2025 Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, роҳбари дафтари котиботи минтақавии Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон Трине Петерсен, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наоко Хосака, инчунин, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, намояндагони созмонҳои баёналмилалӣ, шарикони рушд ва дигар меҳмонон ҳузур иштирок намуданд.

 

Чорабиниро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҷаласаи навбатии «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Тоҷикистон» хушомадед гуфта, барои баргузории босамари он комёбиҳо орзу менамоям. Вазири маориф ва илм бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Маориф – омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафили рушди устувори кишвар аст». Бо дарназардошти ин, бовар дорем, ки танҳо тавассути талоши муштарак, ҳамоҳангии фаъол ва ҳамкории самарабахш метавонем заминаҳои устувор ва муҳимми рушди соҳаи маорифро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшем ва дар роҳи таъмини таҳсилоти босифат барои наслҳои имрӯзу оянда қадамҳои устувор гузорем. Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳот дар соҳаи маориф имрӯз дар ҷаласаи «Баррасии муштараки соҳаи маорифи Тоҷикистон» ҷамъ омадаем.

 

Гуфта шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти ислоҳоти соҳаи маориф корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст ва рӯз аз рӯз дар натиҷаи ин ҳамкориҳо сафи шарикони рушд ва сармоягузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд гашта истодааст.

 

Дар идомаи ҷаласа роҳбари дафтари котиботи минтақавии Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иштирокчиён баромад намуда, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: вазъи иҷрои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2024-2026, маблағгузорӣ ва идоракунии соҳаи маориф: моделҳои симулятсионии арзёбӣ ва маблағгузорӣ барои ҳар як хонанда, механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳа бо шарикони рушд: матритсаи ҷонибҳои манфиатдори соҳаи маориф, платформаи рақамии LEG.TJ, арзёбии сифати таҳсилот: рафти татбиқ ва дастовардҳои асосӣ, таҳсилоти фарогир: консепсия ва стратегияи миллӣ, ислоҳоти барномаи таълим: ислоҳот дар самти таҳсилоти миёнаи умумӣ, харитаи роҳи муносибати босалоҳият дар таълим ва чаҳорчӯбаи мониторинг ва арзёбӣ, трансформатсияи рақамӣ дар соҳаи маориф ва идоракунии иттилоот (EMIS ва E-Дониш)-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

 

Дар охир таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба тақвияти дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, боло бурдани сатҳи тахассусии омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ «БАРРАСИИ МУШТАРАКИ СОҲАИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР» 12 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси муштараки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маорифи Тоҷикистони муосир» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори конференсия ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон, устодон ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи соҳаи маориф ширкат варзиданд.   Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Сироҷиддин Ниёзӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулоҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди босуръати соҳаҳои илму маориф, таҳкими пояҳои зеҳнии ҷомеа ва болоравии мақоми омӯзгор дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Таъкид шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаи таълимӣ, коллеҷу донишгоҳҳои нав ва марказҳои инноватсионӣ бунёд шуда, заминаи воқеӣ барои рушди илму маорифи миллӣ фароҳам омадааст.   Сипас, Шодӣ Сафаров, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, сухани табрикии худро баён намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Ӯ зикр кард, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва рушди илмҳои миллӣ беандоза бузург аст. Ба таъкиди мавсуф, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат боис гардид, ки низоми таҳсилоти кишвар сифатан нав шавад ва барои таҳсилу камоли насли ҷавон шароити мусоиди зисту таҳсил муҳайё гардад.   Дар идомаи конференсия С. Туронов ва Б. Зулфонов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва И. Гадоев, корманди Пажӯҳишгоҳ бо маърузаҳои илмии худ дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввул ва азнавсозии маорифи миллӣ», «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Пешвои миллат — ҳомии сулҳ ва кафили муттаҳидии миллат» баромад намуданд. Дар маърузаҳо таъкид шуд, ки ташаббусҳои стратегӣ ва дурнигаронаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа намунаи ибрат буда, ба такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот ва рушди кадрҳои илмӣ мусоидат кардааст. Маҳз сиёсати дурандешона ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварро таъмин карда, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сатҳи эътирофи байналмилалӣ расондааст.   Инчунин, дар рафти конференсия C. Неъматов, Ф. Гулматов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Д. Имомназаров-корманди Пажӯҳишгоҳ ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар бахши илму маориф на танҳо ба рушди низоми таҳсилот, балки ба ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии насли нав мусоидат кардааст. Ба андешаи онҳо нақши Пешвои миллат дар пешбурди ислоҳоти таълимӣ, боло бурдани мақоми омӯзгор, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар таҳсил ва дастгирии ҷавонони боистеъдод аз омилҳои асосии муваффақияти соҳаи маориф дар даврони истиқлол мебошад.   Дар фарҷоми ҳамоиш ба олимону мутахассисони соҳа «Сипоснома»-и Академияи таҳилоти Тоҷикистон барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқу амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди касбӣ, саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ супорида шуд.   Роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ натиҷаҳои конференсияро ҷамъбаст намуда, таъкид карданд, ки арҷгузорӣ ба шахсияти таърихии Пешвои миллат, ин арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносии миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аст.

    50

    12.11.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАЪМИН НАМУДАНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии лоиҳаи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат ва дигар нафарони масъул иштирок намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид кард, ки таҳия ва қабули барномаи мазкур ба таъмини рушди устувор ва ҳаматарафаи низоми таҳсилоти кишвар равона гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва инфрасохтори муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.   Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва ҷаҳонишавӣ, фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи асосии омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир ба ҳисоб мераванд. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар, низоми таҳсилот бояд бо таҷҳизоти муосир ва муҳити созгори омӯзишӣ таъмин карда шавад.   Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода зимни баромади худ қайд намуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои назарраси барномаи солҳои 2021-2025, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам муассисаҳои таълимӣ аз ҷиҳати таъмин бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба таври кофӣ таъмин нестанд. Бо дарназардошти болоравии нархи таҷҳизот, тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот, таҳияи барномаи нави солҳои 2026-2030 ба миён омад.   Барномаи нав бо дарназардошти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳия шуда, ба беҳтар намудани заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, рушди малакаҳои омӯзгорону хонандагон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи рақамӣ нигаронида шудааст.   Тибқи гуфтаи масъулон, бо татбиқи барномаи мазкур шароити мусоид барои таҳкими донишҳои назариявию амалӣ, рушди малакаҳои муҳандисӣ, барномасозӣ ва таҳқиқотии хонандагон фароҳам мегардад.   Дар ҷамъбаст таъкид шуд, ки таҳия ва қабули Барномаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 иқдоми муҳим ва саривақтӣ дар самти рушди минбаъдаи низоми маорифи миллӣ ба шумор меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    70

    11.11.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН 11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо сафири Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алехандро Ариас Сарсуэла баргузор гардид.   Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд иброз доштанд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ аз ташрифи расмии сафири Ҷумҳурии Доминикан изҳори хушнудӣ намуда, онро қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан аз соли 2010 равобити дипломатӣ барқарор намудаанд ва дар давоми солҳои охир тавассути ҳамоишҳои сатҳи баланд ва ташаббусҳои муштарак заминаи мусоиди ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалиро фароҳам овардаанд.   Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар самтҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули донишҷӯён, дастгирии лоиҳаҳои таҳсилоти техникӣ ва касбӣ бо ҷалби шарикони байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳад.   Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ғании Ҷумҳурии Доминикан дар идоракунии таҳсилоти олӣ изҳор шуд, ки Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои нави табодули мутахассисон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор диҳад.   Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи дипломатии сафир ҷаноби Алехандро Ариас Сарсуэла, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Бразилия, Перу ва Испания фаъолият намудааст, изҳори итминон карда шуд, ки ин ташриф дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф нақши муҳим хоҳад дошт.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    56

    11.11.2025