ЭЪЛОНИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ

04-04-2022
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ 
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
 
Раёсати илм ва  инноватсия:
- сардори раёсати илм ва  инноватсия - 1 ҷой (категорияи  1), маоши мансабӣ - 2746  сомонӣ;
 
Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
- сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ - 1 ҷой (категорияи  5), маоши мансабӣ - 1380  сомонӣ;
 
Шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ:  
- сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ - 1 ҷой (категорияи  3), маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.
 
Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали тарифӣ пардохт карда мешавад.
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори раёсати илм ва инноватсия: 
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ, техникӣ ё табиӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; 
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисосҳои гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– кор карда тавонистан бо компютер.
 
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ: 
– таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё молиявӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ; 
– малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
 
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, телефон: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: kadr@maorif.tj, сомона: www.maorif.tj  
 
   Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
    Вазорати маориф ва илм