ЭЪЛОН! ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ МАЪМУРИИ ХОЛИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

09-07-2020
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи марказӣ
1.Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ - 1 ҷой;
2.Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон - 1 ҷой;
3.Сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 2392 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
4.Мудири бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус - 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ  1323 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

5.Сармутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон - 1 ҷой;
6.Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ - 2 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ  1200 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

7.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ - 2 ҷой;
8.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - 2 ҷой;
9.Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ - 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ  978 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

10.Мутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон - 1 ҷой;
11.Мутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - 1 ҷой;
12.Мутахассиси бахши назорат, коргузорӣ ва корҳои махсус - 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ  804 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.
 
Раёсат ва шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ

1.Раёсати агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ)
Сармутахассиси раёсат - 3 ҷой;
Мутахассиси пешбар раёсат -3 ҷой;
Мутахассиси раёсат - 1 ҷой;
 
2.Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд (шаҳри Хуҷанд)
Муовини сардори раёсат - 1 ҷой;
Сармутахассиси раёсат - 6 ҷой;
Мутахассиси пешбари раёсат -3 ҷой;
Мутахассиси раёсат - 2 ҷой;
 
3.Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон (шаҳри Бохтар)
Муовини сардори раёсат - 1 ҷой;
Сармутахассиси раёсат - 8 ҷой;
Мутахассиси пешбари раёсат - 6 ҷой;
Мутахассиси раёсат - 1 ҷой;
 
4.Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе
Муовини сардори раёсат - 1 ҷой;
Сармутахассиси раёсат - 4 ҷой;
Мутахассиси пешбари раёсат - 2 ҷой;
Мутахассиси раёсат - 2 ҷой;
 
5.Шуъбаи агентӣ дар минтақаи Кӯлоб (шаҳри Кӯлоб);
Сармутахассиси шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси пешбари шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси шуъба - 1 ҷой;
 
6.Шуъбаи агентӣ дар минтақаи Ҳисор (шаҳри Ҳисор)
Сармутахассиси шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси пешбари шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси шуъба - 1 ҷой;
 
7.Шуъбаи агентӣ дар минтақаи Рашт (ноҳияи Рашт)
Сармутахассиси шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси пешбари шуъба - 2 ҷой;
Мутахассиси шуъба - 1 ҷой;
 
8.Шуъбаи агентӣ дар минтақаи Зарафшон (ноҳияи Айнӣ)
Сармутахассиси шуъба - 1 ҷой;
Мутахассиси пешбари шуъба - 1 ҷой;
Мутахассиси шуъба - 1 ҷой;
 
ЭЗОҲ: Талаботи тахассусӣ аз довталабони мансабҳои холии хизмати давлатӣ дар раёсат ва шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дахлдори ҷумҳурӣ мисли довталабони мансабҳои холии дастгоҳи марказӣ талаб карда мешавад.
 
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳи ҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 6х4;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);
-маълумотнома аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД ҶТ оид ба надоштани доғи судӣ
-маълумотнома (справка-объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи С.Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ,  телефон 225-83-28, 225-83-32.
Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.