ЭЪЛОН! БУРСИЯҲО БАРОИ ТАҲСИЛИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

19-01-2021
   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонад, ки Ҳукумати Федератсияи Россия тибқи нақшаи қабули шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби буҷети федералии Федератсияи Россия дар соли таҳсили 2021-2022 барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия 630 бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст.
   Тибқи маълумоти Намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайди довталабон аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 тариқи сомонаи интернетии www.edu.rs.gov.ru ба роҳ монда шуда, баргузории даври аввали имтиҳонҳо аз 21-уми феврал то 14-уми марти соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.