ДАР ҶОПОН ТАҲСИЛ КАРДАН МЕХОҲЕД?

06-05-2021
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки Ҳукумати Ҷопон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилии “MEXT”-ро дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷ) ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ: бакалавр, магистр, доктор PhD барои соли хониши 2022 пешниҳод намудааст.
Хоҳишмандон барои ба қайд гузоштани номзадии худ бояд то санаи 26.05.2021 ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи он ҷонибро хонапурӣ намуда, ба Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар зимн, номзадон метавонанд ба сомонаи https://www.tj.emb-japan.go.jp/itpr_ja/mext2022.html ворид шаванд ва  маълумоти бештар ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ба даст оранд.