Эълони бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

22-11-2021
Бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Венгрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023
Ҷумҳурии Венгрия дар асоси барномаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар дар соли таҳсили 2022-2023 бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи зинаҳои бакалавриат (4-5 сол), магистратура, PhD (2+2 сол) ва инчунин, курсҳои омӯзишии яксола ҷудо намудааст.  
Таҳсил дар донишгоҳҳои Венгрия бо забонҳои венгерӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони венгерӣ ба роҳ мемонанд, соли аввал курси омӯзиши забони венгериро гузашта, аз соли дуюм аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон таҳсил менамоянд.
Донишҷӯёне, ки таҳсилро бо забони англисӣ интихоб менамоянд, метавонанд ҳам бо сертификатҳои сатҳи байналмилалии TOEFL, IELTS ва ҳам сертификатҳои одии Advance ва Upper – Intermedate худро номнавис намоянд.  Аз ин лиҳоз ба довталабон зарур аст, ки ҳангоми интихоби донишгоҳ ба талаботи онҳо оид ба сатҳи забондонӣ ва сертификати зарурӣ шинос шаванд.
Довталабоне, ки муассисаи таълимиро (мактаб, донишгоҳ) бо забони англисӣ хатм намудаанд ва ё бо забони англисӣ таҳсил намуда истодаанд, метавонанд бе сертификати забондонӣ худро ба қайд бигиранд. Дар ин сурат, ба онҳо зарур аст, ки маълумотнома дар хусуси бо забони англисӣ таҳсил намуданашон пешниҳод намоянд. 
Ба довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ сертификати забони англисӣ надоранд, зарур аст, ки маълумотномаи иловагӣ пешниҳод намуда, дар он тасдиқ намоянд, ки то санаи 1 августи соли 2022 сертификати худро дастрас ва пешниҳод менамоянд. Дар сурати пешниҳод нагардидани маълумотномаи мазкур ва инчунин, то санаи 1 апрели соли 2022 пешниҳод нагардидани сертификати забони англисӣ бурсияи онҳо бекор карда мешавад. 
 Дар доираи бурсияҳои мазкур ҷониби Венгрияи чунин имтиёзҳоро пешниҳод намудааст:
-Таҳсили ройгон;
-Хобгоҳи ройгон;
-Суғуртаи тиббӣ;
Стипендияи моҳона - барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура 120 евро ва барои донишҷӯёни зинаи PhD 415 евро (2 соли аввал), 530 евро (2 соли охир) пардохт карда мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо тариқи онлайн дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/  то санаи 15 январи соли 2022 идома меёбад. То ин муддат довталабон бояд, ки худро дар сомонаи мазкур тариқи онлайн ба қайд гирифта, тамоми ҳуҷҷатҳои лозимаро дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродии худ ворид намояд. 
Ҳуҷҷатҳо ва талаботи онҳо:
1. Анкета - тариқи онлайн бо забони англисӣ хонапурӣ карда мешавад, 
2. Мактуби ҳавасмандӣ - (motivation letter) бо шрифти Times New Roman (ҳаҷми ҳарф 12) на камтар аз як саҳифа;
3. Ҳуҷҷати тасдиқунандаи дараҷаи забондонӣ (сертификат), 
4. Танскрипсияи баҳоҳо бо тарҷумаи забоне, ки товталаб таҳсилро интихоб намудааст;
5. Маълумотномаи тиббии шакли байналмилалӣ, маълумотнома оид ба ВИЧ/СПИД (AIDS), гепатитҳои A, В ва С (бо тарҷумаи забони англисӣ дар сурате, ки маълумотномаҳо бо забони тоҷикӣ дастарс шуда бошанд); 
6. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ, довталабоне, ки шиносномаи хориҷӣ надоранд, то дастрас намудани он метавонанд шиносномаи тоҷикии худро пешниҳод намоянд;
7. Аттестат – (танҳо барои зинаи бакалавр) аттестати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил (англисӣ ва ё венгерӣ);
8. Диплом - барои магистратура дипломи муассисаи таҳсилоти олӣ ва тарҷумаи он бо забони интихобнамудаи таҳсил;
9.Нақшаи тадқиқотӣ (research plan), (танҳо барои зинаи PhD);
10.Ду тавсиянома (recommendation letter).
11.Тасдиқнома (declaration) – дар сурате, ки довталабон дар соли охири таҳсил қарор доранд ва ҳоло сертификат, аттестат ва ё ин ки дипломи худро дастрас накардаанд, ҳангоми бақайдгирӣ (регистрация) маълумотнома аз муассисаи худ оид ба таҳсил ва тасдиқнома бо имзои шахсии худ дар хусуси то санаи 1-уми августи соли 2022 пешниҳод намудани сертификат, аттестат, диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ манзур намоянд. 
Нусхаи аслии ҳаммаи ҳуҷҷатҳои зикршударо бо забони интихобшудаи таҳсил тарҷума намуда, дар шакли электронӣ (сканершуда) ба кабинети инфиродӣ ҷойгузорӣ карда шаванд.
Довталабон метавонанд ба ғайр аз ихтисоси интихобнамудаашон, ихтисоси дуюми иловагӣ низ (ба ғайр аз ихтисосҳои тиббӣ) интихоб намоянд. Дар сурате, ки довталаб аз имтиҳони ихтисоси  интихобнамудааш ноком мегардад, он ба имтиҳони ихтисоси иловатан интихобнамудааш роҳ меёбад.  
Маълумоти муфассал дар сомонаи https://apply.stipendiumhungaricum.hu/ болозикр бо забони англисӣ оварда шудааст.  
Тамос: Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: +992 (37) 2213033/ +992985085007 
Email: umomort@gmail.com