Бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Полша

23-02-2021
Ҳукумати Ҷумҳурии Полша барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияи таҳсилиро дар доираи барномаи Лэйна Киркланд барои олимони ҷавон, кормандони соҳаи илму маориф дар соли 2021 пешниҳод намудааст.
Барномаи мазкур кӯмакпулии моҳона, пардохти сарфаи ҷойи хоб, маблағи роҳкиро, суғуртаи тиббӣ ва дигар хароҷоти дахлдорро барои муҳлати иштирок аз 4 то 9 моҳро пешбинӣ менамояд.
Барномаи мазкур аз ду семестр иборат буда, амалишавии он дар яке аз 5 муассисаҳои таълимии Полша дар шаҳрҳои Варшава, Краков, Врослав Познан ва Любин сурат мегирад. 
Муҳлати охирин ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба барномаи мазкур то санаи 01.03.2021 мебошад.
Талаботҳо  барои номзад:
- шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон бошад;
- номзад дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бояд дар Ҷумҳурии Полша қарор надошта бошад; 
- доштани таҳсилоти дараҷаи магистр ва ё ба он баробар;
- сину соли то 40 сола;
- донистани забони англисӣ;  
- ҳадди ақал доштани 2 сол таҷрибаи касбӣ;
- ду сол фосила аз соҳиб шудан ба бурсияи кишвари дигар;

Номзадонро мебояд тафсилоти бештари мавзӯро аз сомонаи www.kirkland.edu.pl  дастрас намуда, ҳуҷҷатро мустақиман хонапурӣ намуда, ба он ҷониб тариқи почтаи электронӣ ба барномаи мазкур ирсол намоянд.
Телефон барои тамос: (+992 37) 221 30 33