ЗАРУРАТИ ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН АЗ РӮИ РАВИЯҲОИ РӮЗНОМАНИГОРӢ

20-05-2022
Дар ҷаласаи назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия баргузор гардид, масъалаи омода кардани мутахассисон аз рӯи равияҳои рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар он ректорон, муовинони ректорон оид ба таълим, сардорони раёсати таълим, деканҳои факултетҳои рӯзноманигорӣ ва мудирони кафедраҳои равияҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурию онлайн иштирок намуданд. 
Вобаста ба масъалаи зикршуда вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, бахусус, омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи рӯзноманигорӣ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд. Имрӯзҳо дар 9 муассисаи таҳсилоти олии кишвар аз рӯи равияи рӯзноманигорӣ бо такроршавӣ аз рӯи 18 ихтисос 1604 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз ин теъдод 16 нафарро донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсидошта ташкил медиҳанд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, - таъкид намуд вазири маориф ва илм, - дар самти омода кардани мутахассисони равияҳои рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз ҷумла, дар минтақаҳо (Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт) мушкилиҳо, яъне норасоии омӯзгорони тахассусӣ ба назар мерасанд. Аксари омӯзгороне, ки ба тадриси фанҳои тахассусӣ машғул ҳастанд, аз рӯи равияи филология муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд. Дар сурати мутобиқ кардани барномаву нақшаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот норасоии омӯзгорони тахассусӣ ба миён меояд. Аз ин рӯ, деканҳои факлтетҳо, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва кормандони раёсату шуъбаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Дар идома Раҳим Саидзода дар мавриди норасоии заминаҳои моддию техникӣ, ҳамкории кафедраҳои тахассусӣ бо васоити ахбори омма, баланд бардоштани маҳорати касбии рӯноманигорон дар Академияи воситаҳои ахбори омма, ташкили гурӯҳҳои таълимии таҳсилашон бо забони русӣ ва англисӣ аз рӯи ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла бо забонҳои хориҷӣ, аз байн бурдани фарқиятҳои фанҳои таълимӣ ва мутобиқ намудани нақшаҳои таълимии ихтсосҳои равияи омӯзгорӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, вобаста ба рафъи мушкилиҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод. 
Ҳамчунин, дар робита ба масъалаи омода кардани мутахассисон аз рӯи равияҳои рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ як қатор мутахассисон андеша ва пешниҳодҳои худро манзур доштанд. 
Дар анҷом вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо боварӣ изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ метавон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ корҳои зиёди самарабахшро ба анҷом расонид.
Ноилшоҳ Нурализода,
«Омӯзгор»