ВОСЕЪ: ТАШРИФИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАҚДИМИ РОҲХАТ БА ОМӮЗГОРОН 

03-06-2022
3-юми июни соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва истифодаи технологияи муосир дар раванди дарс, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ ва китобҳои дарсӣ, шиносӣ бо вазъи муассисаҳои таълимӣ, назорати рафти баргузории аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагон, инчунин огоҳӣ пайдо намудан аз мушкилоти мавҷудаи соҳа дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон муовини вазири моариф ва илм З.Абдулзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва №10-и ноҳияи Восеъ дидан намуд. 
Муовини вазир нахуст ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ташриф овард. Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимии мазкур соли 1953 ба истифода дода шуда, дар он 498 хонанда таҳсил дошта, 27 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.
Дар рафти суҳбат бо омӯзгорон маълум гардид, ки дар муассиса тахтаи электронӣ набуда, аз 10 компютер 2 компютер корношоям мебошад. Ҳамчунин, дар муассисаи мазкур омӯзгорон таъкид намуданд, ки аз ҷониби муассисаҳои ғайрисоҳавӣ санҷишҳои ғайринақшавӣ зуд-зуд роҳандозӣ шуда, боиси халалдор гардидани раванди таълим мегардад. Чунин санҷишҳои зиёд ҳатто ба ҳолати равонии омӯзгорон низ таъсир расонидааст.
Омӯзгори собиқадори муассиса Мушкинисо Мирзоёрова таъкид намуд, ки бо вуҷуди солҳои зиёд машгул будан ба таълиму тарбия ягон маротиба бо роҳхат барои истироҳату табобат таъмин нагардидааст. Дар робита бо дархости омӯзгор, бо дархости муовини вазир З.Абдулзода раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҷумҳурӣ З.Нозакзода ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилоят М.Ширинзода ба муассисаи таълимии мазкур ташриф оварда, ба омӯзгор М.Мирзоёрова роҳхат барои истироҳату табобат тақдим намуданд.
Сипас, муовини вазири маориф ва илм ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ташриф овард. Муассисаи мазкур соли 1966 сохта шуда, алъон дар он 1620 хонанда таҳсил намуда, 87 омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд. 
Зимни суҳбат бо омӯзгорон маълум гардид, ки дар муассиса танҳо як тахтаи электронӣ мавҷуд буда, норасоии китобҳои дарсӣ аз фанҳои забони модарӣ, математика ва забони русӣ ҷой дорад.
Аз ҷониби омӯзгорон низ дар рафти суҳбат доир ба таъмини муассиса бо китобҳои дарсӣ, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи мазкур, таъмини омӯзгорон бо роҳхат барои табобату истироҳат таклифу пешниҳодҳо манзур гардид.
Бо дархости муовини вазири маориф ва илм аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорони ин муассиса 5 роҳхат тақдим карда шуд.
Дар муассисаҳои таълимии болозикр муовини вазир доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд, истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, дар баробари омӯзиши забони давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи тахтаҳои электронӣ, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию озмоишгоҳҳои таълимӣ ёдовар шуда, ҳамзамон, зикр кард, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъминот бо компютеру тахтаҳои электронӣ, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намуда, дар самти баландбардории сифати таҳсилот, бо истифода аз касбият ба роҳ мондани дарсҳои самарабахш ва омода намудани мутахассисони варзида, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва чанде дигар саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин, аз омӯзгорони ҷавон даъват ба амал овард, ки дар касби худ содиқ бошанд ва шогирдони боистеъдоду лаёқатмандро тарбия намоянд.
Инчунин, ба масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи ба мақомотҳои иҷроияи ҳокикияти давлатии вилояту шаҳр вобастабуда чораҳои дахлдор андешанд.