ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО

19-10-2020
19-уми октябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода–вазири маориф ва илм бо Евгени Иванов-роҳбари Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолияти Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат мавриди барраси қарор гирифта, зикр гардид, ки дар доираи фаъолияти минбаъдаи лоиҳа таҳия ва гузаронидани барномаи омӯзишӣ барои кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба татбиқи муносибати босалоҳият, таҳияи барномаҳои нави касбии мунтазами омӯзгорон аз рӯйи мавзӯъҳои муҳим барои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он, бознигарӣ, такмил ва озмоиши минбаъдаи модулҳои омӯзишӣ барои методистони шуъбаҳоит маориф дар соҳаи роҳнамоӣ ва мониторинги омӯзгорон, омӯзиши иловагӣ барои омӯзгороне, ки таҳсилоти касбии тахассусӣ надоранд, таҳия ва ба таври пилотӣ гузаронидани курси роҳбарӣ ва менеҷмент дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, омодасозии равоншиносон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва чанде дигар шомил гардидаанд.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки яке аз ҳалафҳои лоиҳа таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад. Ҳамзамон, вазифаи асосии лоиҳа беҳтар намудани шароити таҳсил, баланд бардоштани сифати таҳсилот, баргузории арзёбии натиҷаҳои таълим ва идоранамоии низоми маорифи кишвар мебошад.