Вохӯрии вазири маориф ва илм бо проректори ДДМ ба номи М.В. Ломоносов

14-05-2021
14-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Юрий Мазей Александрович -проректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов, Нидоев Давлат Назридинович-ҷонишини проректори ДДМ ба номи В.М. Ломоносов ва Трофимов Сергей Виктрович-директори филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба вазъи кунунии филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таваҷчуҳ намуда, зикр карданд, ки ҷиҳати рушди фаъолияти он бояд чораҳои дахлдор андешида шавад. 
- Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дарёфти омӯзгорони варзида ва омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассиса, коркарди барномаҳои таълимӣ, таъсиси ихтисосу факултаҳои нав ва шуъбаи магистратура, таъсиси маҷаллаи илмӣ, бо технологияи муосир таъмин намудани муассиса, ташкили анҷуману конфронсҳои муштарак аз ҷумлаи корҳоеанд, ки бояд амалӣ карда шаванд,-зикр кард Юрий Мазей Александрович. – Инчунин, бо мақсади дар оянда ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шудан ва таъмини муассиса бо кадрҳои варзида Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов омода аст, ки ду нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро бидуни имтиҳон дар гурӯҳи буҷавии шуъбаҳои аспирантура ё магистратура қабул намояд. 
Ҳамзамон, М.Имомзода-вазири маориф ва илми кишвар таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми филиал бояд Барномаи рушди филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳия карда шавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон