ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО АЪЗОЁНИ МАҲФИЛҲОИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ

19-11-2020
   19-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илм бо аъзоёни маҳфилҳои  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид.
     Дар вохӯрии мазкур, ҳамзамон, Умед Сафарзода - директори Маркази ҷумҳуриявии муасссаҳои таҳсилоти иловагӣ, Алберто Бианколи - сардори бахши таҳсилоти ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Осама Маккави - намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ширкат намуданд.
  М.Имомзода қайд намуд, ки 31 сол муқаддам  аз ҷониби СММ ҳуҷҷати сарнавиштсоз - Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак қабул гардид, ки  он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътироф шуда, иҷроиши бандҳои он пайваста таъмин карда мешавад. Имрӯз Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак яке аз ҳуҷҷатҳои арзишманд дар соҳаи маориф мебошад.
    Дар охир  ба аъзоёни маҳфилҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Мавзунахон Убайдуллоева