ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ  БО ҲАЙАТИ КОРШИНОСОН АЗ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

11-11-2020
  11-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии  вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода бо намояндагони Ассосиатсияи технологияҳои зеҳнии Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.
  Дар вохӯрии мазкур, ҳамчунин, муовини якуми вазир Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазир Диловар Қодирзода, сардорони раёсатҳои вазорат,  раҳбарияти  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ   ва  намояндагон аз Ассосиатсияи технологияҳои зеҳнии Кореяи Ҷанубӣ иштирок карданд, ки дар он асосан, масъалаи таъсиси Коллеҷи лифти Корея дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
   Зикр гардид,  ки коллеҷи мазкур дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфта, имкон фароҳам меорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон баъди  хатми он дар дохил ва хориҷи кишвар ба таъмир ва истеҳсоли лифтҳо дар коргоҳҳои лифтбарорӣ машғул шаванд.
   Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи маориф ва илм дар асоси созишнома ва Ёддошти тафоҳум, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расидаанд, ба роҳ мондааст.


Азиза Бодурова