ВОХӮРИИ САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО КВОН ДОНГ СОК

25-05-2022
25-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовини якуми вазири маориф ва илм, Ҷ.Ҷӯразода, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав, намояндагони Коллеҷ лифт ва ҳайати соҳибкорони Корея иштирок намуданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея, ки ҳамасола баргузор мегардад, ба роҳ мондааст.
Дар 3 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон - Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон забони кореягӣ таълим дода шуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея санадҳои гуногуни ҳамкориро ба имзо расонидаанд, ки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва Донишгоҳи тиббии Тегу Ҳании Ҷумҳурии Корея яке аз намунаи ҳамкориҳо мисли муассисаҳои таълимии ҳарду кишвар мебошад.
Омӯзиши забони кореягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон аз соли 2004 оғоз гардида, то имрӯз зиёда аз 200 нафар донишҷӯ ихтисоси забони кореягиро хатм намудааст.
Дар идома, ҷонибҳо вобаста ба созишномаи имзошуда миёни Коллеҷи лифти Корея ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи лифтсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон пешниҳод гардид, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея омода аст, ки дар доираи ҳамкориҳои судманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як донишгоҳи муштаракро дар самти омодасозии мутахассисони техникӣ, хусусан соҳаи лифтсозӣ таъсис диҳад.
Дар охир, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм тадбирҳои субманду дахлдор андешида мешавад.