Вохӯрии Раҳим Саидзода бо Диего Амбасз

29-09-2022
29-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сармутахассиси соҳаи маориф дар таҷрибаи глобалии таълим дар Бонки ҷаҳонӣ Диего Амбасз доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Зимни суҳбат Р. Саидзода-вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманди ҷойдошта ёдовар шуда, иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст, ки бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ мондааст ва  ҷиҳати рушди соҳаи маориф корҳои судмандро анҷом додааст. Яке аз онҳо ин Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” мебошад, ки аз 1 марти соли 2016 оғоз ёфта, муҳлати анҷоми он 31 октябри соли 2022 муайян шудааст. Ҳадаф ва вазифаи асосии Лоиҳа ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад. 
-Қобили зикр аст, ки татбиқи 21 лоиҳаи грантии хурд аз тарафи муассисаҳои таълимӣ пурра ба анҷом расид. Дар натиҷа 3499 нафар шунаванда, ки аз он 209 нафар зан мебошад, курсҳои касбомӯзиро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби касбҳои коргарӣ ва ҳунарҳои мардумии мутобиқ ба бозори меҳнат гардиданд.  Дар доираи “Барномаи грантҳои озмунӣ” татбиқи 49 лоиҳаи грантӣ (29 лоиҳа барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва 16 лоиҳа ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон) аз тарафи 24 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба анҷом расид. Дар натиҷа, тибқи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва маҳаллӣ таҷдиди барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи 76 ихтисоси академӣ пурра ба анҷом расонида шуда, такмили 305 барномаи таълимии фаннӣ низ анҷом дода, зиёда аз 2800 омӯзгор ва кормандони муассисаҳои таълимӣ малакаву маҳорати худро тавассути семинару тренингҳо ва сафарҳои омӯзишӣ такмил доданд. Инчунин, дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи грантӣ зиёда аз 3800 нафар донишҷӯдухтар аз хизматрасониҳои махсуси таълимӣ, дастгирӣ ҷиҳати рушди малакаҳои иловагӣ ва шахсӣ бархурдор гардиданд. Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои татбиқи зерқисмати 2.2-и Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” ҳамаи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022 пурра ба шакли нав иваз карда шуданд, - қайд кард вазири маориф ва илм. 
Диего Амбасз - сармутахассиси соҳаи маориф дар таҷрибаи глобалии таълим дар Бонки ҷаҳонӣ дар идома зикр кард, ки Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” имрӯз яке аз лоиҳаҳои пурқувват ва хубтатбиқшуда ба шумор меравад. Аснои боздид аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мо шоҳиди он гардидем, ки дар онҳо барномаҳои озмунии грантӣ, беҳтар намудани сифати таҳсилот, бознигарии барномаҳои таълимӣ пурра татбиқ шудааст ва хуллас лоиҳа ба таври комил татбиқ гардидааст. Мо аз гурӯҳи татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла ҳамоҳангсози лоиҳа ва мушовир оид ба харид сипосгузорем, ки дар раванди татбиқшавии лоиҳа фаъолияти назаррас доштанд. 
Дар охир ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки хоҳони идомаи ҳамкории ҷойдошта ҳастанд ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо тамоми чораҳои заруриро меандешанд.
 
Бахтовар Сафаров