ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ БУНЁДИ МАКС ПЛАНК

17-05-2023
17 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо роҳбари бунёди Макс Планк Илария Вианелло баргузор гардид.
Нахуст Ҷамшед Ҷӯразода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунёди Макс Планк ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Макс Планк дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар навбати худ Илария Вианелло қайд намуд, ки ҳамкориҳои имрӯза дар соҳаи илму маориф, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар охир аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон