ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧАРЛЗ ИНВАНИ

24-05-2023
24 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо муовини директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Чарлз Инвани баргузор гардид.
Сараввал Ҷамшед Ҷӯразода аз ташрифи намояндагони Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ (WFP) ба Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ барои амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сипас Чарлз Инвани қайд намуд, ки таъсиси бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2023 натиҷаи фаъолияти босамари ҷонибҳо буда, заминаи асосӣ барои вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда аст.
Дар интиҳо Ҷамшед Ҷӯразода аз ҷониби вазорат ба Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ изҳори миннатдорӣ намуда қайд кард, ки бо ҳамкориҳои дуҷониба ба муваффақиятҳои назаррас ноил хоҳем гашт.



Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон